03:30 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент Алмосбек Атамбоев бо Котиби генералии СММ Пан Ги Мун мулоқот кард

Пан Ги Мун аз оғози тарҳи нав барои ҳалли таниши марзӣ хабар дод

Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Созмони Милали Муттаҳид, бино бар паёми ахири Дабир кулли он Пан Ги Мун, мехоҳад, дар ҳалли мушкилоти марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши миёнарав ва сулҳофарро бозад.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз оғози як тарҳи нави таҳкими ҳамкориҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон хабар додааст, менависад "Радиои Озодӣ".

"Ман имрӯз ташаббуси нави Бунёди сулҳсози СММ-ро эълон мекунам, ки ин рушди ҳамкорӣ миёни ҷомеаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, то шумори ҳарчӣ бештар занону ҷавонон ва кӯдакон ба ин раванд ҷалб шаванд", — гуфтааст Пан Ги Мун.

Бо ин паём рӯзи 11-уми июн дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, Пан Ки Мун афзудааст, ки ин тарҳ ба густариши бештари ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои ин ташаббус аз Пан Ги Мун изҳори сипос намуда гуфтааст, ҳуҷҷатҳое, ки ахиран байни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расидаанд, низ ба таҳкими робитаҳо дар минтақаҳои ҳаммарз марбутанд. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки кор барои ҳалли ҳамаи мушкилоти марзии байни ду кишвар дар авҷ аст.

Рӯзи 4-уми июн дар Бишкек тарҳе бо номи "Ҳамкории марзӣ ба хотири сулҳ ва рушди пойдор" байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид, ки ҳадафи асосияш ҳалли мушкилоти марзии миёни ду кишвар аст. Барои коҳиши хатарҳои низоъбарангез дар марз дар вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон зимни ин барнома 3 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Муноқишаҳо дар ин марз ба иллати номуайянии хатти он сар мезананд ва ду тараф ҳамдигарро айбдор мекунанд, ки қаламрави ҳамсояашро ишғол кардааст. То имрӯз аз 970,8 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 567 километраш мушаххас ва аз ин 519 километри марз дар сатҳи кумиссиюни байнидавлатӣ тасвиб ва таъину аломатгузорӣ шудааст.

Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд. Музокироти ҳайатҳои ду тараф дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ нишонда, як оромии нисбиро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъмин кунад.

Барчаспҳо:
аломатгузорӣ, ҳалли қазия, кӯмак, муноқишаи марзӣ, танишҳо дар марз, марз, СММ, Алмосбек Атамбоев, Пан Ги Мун, Бишкек, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ