06:48 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Вашингтон. Акс аз бойгонӣ

ИМА ва Тоҷикистон масоили амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ба ҷуз аз ширкат дар машваратҳои дуҷонибаи ҳамасолаи миёни Тоҷикистон ва ИМА ҷониби кишвари мо бо бархе аз намояндагони баландмақоми ИМА дидорҳои ҷудогона хоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Машваратҳои панҷуми ҳамасолаи миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 16 июн дар Вашингтон баргузор шуда дар онҳо масоили мубрами амнияти минтақавӣ, ҳуқуқи инсон ва мавзӯъоти дигар баррасӣ шуданд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Ҳайъати Тоҷикистонро, ки 13 юн озими Вашингтон шуд, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов раҳбарӣ мекунад. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев, раиси Кумитаи дин, расму оин ва танзими Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва дигарон аъзои ин ҳайъат мебошанд.

"Дар ҷараёни машваратҳо мавзӯъоти зиёде назири бахши сиёсат, амният, иқтисод, энержӣ ва сармоягузорӣ матраҳ шуданд. Ҷонибҳои ҳамчунин масоили озодии адён, расонаҳо ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд", — зикр шудааст дар хабари ВКХ.

ИМА-ро дар ин машваратҳо ёвари вазири хориҷии ИМА Ниша Д. Бисвалл ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ, вазорати тиҷорат, вазорати кор, Ожонсии рушди байналмиллалии ИМА ва ниҳодҳои дигар намояндагӣ карданд.

Ба ҷуз аз машваратҳо дидори ҷудогонаи ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ИМА дар назар аст.

Дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар ИМА зикр шудааст, ки баъд аз роҳандозии равобити миёни ҳукумати ИМА ва ҳукумати Тоҷикистон 30 санади ҳамкорӣ дар масоили тиҷорат ва иқтисод, ҳамкориҳои низомӣ, муқобала бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир имзо шудаанд.

Мавзуъ

Сафири ИМА: об дар ОМ метавонад манбаъи низоъ ё рушд гардад
Сафири ИМА бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад
Сафир: ИМА дар Тоҷикистон бо Русия рақобат намекунад
ИМА аз истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад
Сафорати ИМА: ду ёвари вазири хориҷа аз Душанбе дидан мекунанд
Барчаспҳо:
машваратҳои ҳамасолаи ИМА ва Тоҷикистон, ВКХ Тоҷикистон, Ниша Д. Бисвал, Сулаймон Давлатзода, Саидраҳмон Назриев, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ