06:51 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбакистон баргузор шуд. Натиҷаҳои ин нишаст то ҳол эълон нашудааст.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон ҷаласаи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбакистон доир шуд, менависад сомонаи Вазорати умури хориҷӣ.

Ин нахустин иҷлоси ин кумиссиюн дар тақрибан шашуним соли охир буд. Ҳайати Тоҷикистонро дар музокироти Тошканд муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид ва ҷониби Ӯзбакистонро низ муовини якуми сарвазири он кишвар Рустам Азимов раҳбарӣ мекарданд.

"Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳо миёни хадамоти гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд", — навиштааст сомонаи вазорат.

Бино ба гузориши расонаҳои Ӯзбакистон, раҳбари ҳайати он кишвар Рустам Азимов дар рафти ҷаласаи Кумиссиюни байнидавлатӣ ба ҳамтои тоҷикаш Давлаталӣ Саид пешниҳод кардааст, то ҷониби Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти мавриди ниёз ва таваҷҷӯҳашро ба манзури рушди тиҷорати байни ду кишвар таҳия кунад.

"Корхонаҳои Ӯзбакистон омодаанд бозори Тоҷикистонро бо молҳои зиёде, бо шумули мошинҳои муосири сабукрав ва боркаш, автобусҳо, мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати кимиё, дастгоҳҳои барқӣ ва бо молҳои дигар таъмин кунанд. Маҳсулоти сохти Ӯзбакистон бо молҳои кишварҳои сеюм нафақат аз лиҳози сифати баланд, балки бо назардошти фанновариҳои муосир ва харҷи ками интиқолаш то бозори Тоҷикистон аз лиҳози нарх низ ба таври шоиста рақобат карда метавонад", — гуфтааст Рустам Азимов.

Азимов ба ин далел аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, то "муштаракан рӯйхати молҳоеро, ки дар оянда метавонанд мавриди табодули тарафайн қарор бигиранд, тартиб бидиҳанд". Вай ҳамчунин хостори баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатиии Тоҷикистон дар Тошканд ва аз Ӯзбакистон дар Душанбе шуда, аз Душанбе хостааст, то созишнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод дар чорчӯби ИДМ-ро тасвиб кунад.

Раҳбари ҳайати Тоҷикистон Давлаталӣ Саид низ ба зарфиятҳои бузург дар равобити иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбакистон таъкид кардааст.

"Ҳукумати Тоҷикистон барои муколамаи созанда бо кишварҳои минтақа боз аст. Бахусус бо ҳамсояи наздики мо — Ӯзбакистони бародар. Дар ин дунёи босуръат тағйирёбанда, ки ҳар рӯз чолишҳои наве, аз ҷумла чолишҳои иқтисодӣ пеш меоянд, ҳамоҳанг сохтани талошҳои мо аҳамияти усулӣ дорад", — гуфтааст Саидов.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки тиҷорат байни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли 2014 тақрибан 5,5 маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расид. Танҳо дар 4 моҳи аввали соли равон ин ду кишвар дар ҳаҷми 49 миллион доллар табодули молу коло кардаанд.

Ҷаласаи дуюми Кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбакистон қариб шашуним сол қабл — 18 феврали соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар соли 2010 баҳси тунди Тошканду Душанбе бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун боиси дигарбора шиддат гирифтани танишҳо байни ду ҳамсоякишвар ва то ҳадди хеле маҳдуд шудани равобити онҳо гардид.

Қабл аз оғози музокироти Тошканд интизор мерафт, ки Душанбе чанд масъала, аз ҷумла азсаргирии содироти газ ва нирӯи барқи Ӯзбакистон ва ҳамчунин шурӯи дубораи парвозҳои ҳавоӣ ва ҳаракати қаторҳову автобусҳо байни ду кишвари ҳамсояро пешниҳод кунад. Парвозҳо байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шудааст. Умеди дигари Душанбе ба сабуктар кардани тартиби ироаи раводиди сафар, бахусус барои муштоқони тамошову зиёрати маконҳои муқаддасу таърихие, чун Самарқанду Бухоро буд.

Барчаспҳо:
доду ситад, комисия, ҳамкорӣ, нишаст, ҷаласаи сеюми Кумиссиюни байниҳукуматӣ, Давлаталӣ Саидов, Рустам Азимов, Тоҷикистон, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ