12:33 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Лавров дар Ӯзбакистон мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Филиппов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар мулоқоту нишастҳо таваҷҷӯҳи хоса ба масоили марбут ба доираи фаъолияти созмонҳои Муштарак-ул-Манофеъ, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва СММ, вазъ дар Афғонистон ва муқобила бо терроризму ифротгароӣ равона мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз, 15 июл ба Тошканд сафар кард, дар ин ҷо мулоқоти ӯ бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дар назар аст.

Гуфта мешавад, аснои боздид доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ӯзбакистону Русия дар пасманзари рӯйдодҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳам фарҳанг баррасӣ мегардад.

"Таваҷҷӯҳи хоса ба масоили марбут ба доираи фаъолияти созмонҳои Муштарак-ул-Манофеъ, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва СММ, вазъ дар Афғонистон ва муқобила бо терроризму ифротгароӣ равона мешавад",- омадааст дар иттилоияи расмии вазорати умури хориҷаи Русия.  

Ҳамзамон, "Российская газета" менависад, ки дар доираи баҳсу баррасиҳо масъалаи мубориза бо Толибон ва ҷангиёни «Давлати Исломӣ» ҳам қарор дорад, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон бо Афғонистон мустақар шудаанд.

 

Барчаспҳо:
масоили мубориза бо терроризм баррасӣ мешавад, Лавров ба Тошканд омад, президенти Ӯзбакистон, вазири умури хориҷаи Русия, Абдулазиз Комилов, Ислом Каримов, Сергей Лавров, вилояти Саратови Русия, Ӯзбакистон, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ