08:11 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Кобул. Акс аз бойгонӣ

Бозгашти бостоншиносони Тоҷикистон аз Афғонистон

wikimedia.org
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Дар ҳамин ҳол кормандони Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи дигари бостоншиносонро омода доранд ва қарор аст дар моҳи сентябри соли равон ба кони миси "Айнак" ба Афғонистон равон кунанд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раҳбари гурӯҳи бостоншиносони Тоҷикистон дар кони миси "Айнак"-и Афғонистон Раҳматшоҳ Маҳмадшоев, рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфтаст, вай ҳамроҳи панҷ нафар бостоншиноси дигар, ки тайи се соли ахир машғули бозёфтҳои таърихӣ будаанд, ба Душанбе баргаштанд.

Ба иттилоъи манбаъ, аз 12 нафар бостоншиносону таърихшиносони тоҷик, ки дар кони миси "Айнак"-и Афғонистон ба иктишофи ёдгориҳои таърихӣ машғул буданд, 6 нафари онҳо ба Тоҷикистон баргаштанд.

"Вазъи амниятӣ дар ин минтақа ва умуман дар Афғонистон имкон намедиҳад ин тарҳ пурра иҷро шавад. Кони миси "Айнак" дар вилояти Лугар, дар чандкилометрии шарқи Кобул ҷойгир аст",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматшо Маҳмадшоев сабаби аслии бозгашти бостоншиносони тоҷикро ба охир расидани мӯҳлати қарордодашон рабт дод. Номбурда афзуд, "даҳҳо ҳамлаҳои харобкорӣ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон баёнгари ин аст, ки амният дар онҷо хуб нест, ҳарчанд атрофи кони миси "Айнак" бо се ҳалқаи амниятӣ таъмин мешуд".

Дар кони миси "Айнак" аз Тоҷикистон 12 нафар ва ҳамроҳ бо 43 таърихшиносони хориҷӣ таҳқиқот мебурданд.

Ба қавли масъулини Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон,   дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи дигари бостоншиносонро омода доранд ва қарор аст дар моҳи сентябри соли равон ба кони миси "Айнак" равон кунанд. Кони миси "Айнак"-ии Афғонистон дар гузашта як минтақаи таърихӣ буда ва дар онҷо даҳҳо осори пурарзиш пайдо шудааст. Таҳқиқоти ин кон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва пуштибонии Чин сурат мегирад.  

Барчаспҳо:
ноамнӣ дар шимоли Афғонистон, нооромӣ, ҷанг дар Афғонистон, баргаштани бостоншиносони Тоҷикистон аз Афғонистон, Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, кони миси "Айнак"-и дар Афғонистон, Раҳматшо Маҳмадшоев, Кобул, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ