23:31 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Намое аз як қисмати рӯдхонаи Исфара. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Қирғизистон соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд

© Sputnik / Всеволод Тарасевич
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Умури барқарорсозӣ баъд аз боло рафтани сатҳи об дар рӯдхона оғоз гардида, айни замон босуръат идома доранд.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни тоҷики худ ба тақвияти соҳили дарёи Исфара шурӯъ карданд, иттилоъ медиҳад CA-News.

Бо сабаби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи Исфара, дар рустои Паски Ариқи ноҳияи Самарқанд рӯзи 21 июл канали об тахриб гардид. Ин канал тариқи деҳаҳои Паки Ариқи Қирғизистон  ва Чоркӯҳи Тоҷикистон убур мекунад.

Умури барқарорсозӣ дар соҳилҳои дарё рӯзи 28 июл оғоз гардида, крани ВҲФ Қирғизистон ва чор мошини борбардори Тоҷикистон дар ин кор саҳм мегиранд.

Ҳаҷми об дар рӯди Исфара 81,5 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
марзи муштарак, тақвияти соҳилҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Исфара, Паски Ариқ, Чоркӯҳ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ