03:27 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷангиёни Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлон. Акс аз бойгонӣ

Пешвои нави «Толибон» дар бораи “идомаи ҷиҳод” иброз дошт

© AP / Amir Shar
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Толибон дар қаламрави Афғонистон ҷиҳодро идома медиҳанд, то замоне ки дар ин ҷо режими исломӣ барқарор нагардад, изҳор дошт роҳбари ҷадиди ҳаракати терростӣ, ки ба ҷои Мулло Умар таъин шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Пешвои нави ҷунбиши "Толибон" Ахтар Муҳаммад Мансур дар нахустин изҳороташ аз идомаи ҷиҳод хабар дод, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии RT.

Мансур аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки "алайҳи душманон муттаҳид шаванд". Ӯ ваъда дод, ки то замони барқарории режими исломӣ ҷиҳодро идома хоҳанд дод.

"Вақте мо дар бораи тасмимоти мухталиф мешунавем, ба ҳайрат меафтем. Масалан, дар бораи мусолиҳа ва раванди сулҳ…. Ин ҳама тарғиботи душманон аст, мо ҷиҳодро идома медиҳем",- менависад NEWSru.com бо такя ба суханони роҳбари ҷадиди "Толибон".

Мансур пас аз таъиди марги Мулло Умар ба симмати роҳбари навии ҷунбиши террористии "Толибон" дар охири моҳи июл таъин гардид.

То ин вақт Ахтар Муҳаммад Мансур ба ҳайси муовини ҳаракат ва то қабл аз он дар қаламрави таҳти тасарруфи толибон бахши ҳавонавардии созмонро сарварӣ мекард.

Мавзуъ

Нигаронии сокинони наздимарзӣ аз наздик шудани Толибон
Толибон дар Бадахшон беш аз 100 нафар пулиси асирро озод карданд
Барчаспҳо:
идомаи ҷиҳод, ҷанг дар Афғонистон, ҷиҳод, марги роҳбари пешини Толибон ва таъини роҳбари ҷадид, Толибон, Ахтар Муҳаммад Мансур, Мулло Умар, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ