05:00 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ

Президенти Туркманистон бо нахустин сафари давлатӣ ба Қирғизистон омад

© Sputnik / Алексей Никольский
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Нахустин сафари давлатии раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Қирғизистон то 6 август идома меёбад. Интизор меравад дар пайи ин сафар ҷанд қарордоди дуҷониба дар бахшҳои омӯзишу парвариш, илм, фарҳанг ва кишоварзӣ имзо шаванд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо нахустин сафари давлатӣ вориди Қирғизистон шуд, хабар медиҳад Sputnik дар Бишкек.

Дар фурудгоҳи Бишкек меҳмони воломақомро раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев истиқбол гирифт.

Дар ҷараёни сафари давлатии дурӯзаи раҳбари Туркманистон Отамбоев ва Бердимуҳаммадов мулоқотҳои ҷудогона ва бо шумули аъзои ҳайъатҳо анҷом дода дар пайи онҳо бархе аз аснод имзо хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки раҳбарони ду кишвар масоили тавсеъаи муколамаи сиёсӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маводди сӯхтӣ ва нақлиётӣ ва ҳамчунин ҳамгиройӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалиро баррасӣ кунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКХ ҶҚ.

Ҳамчунин, ба навиштаи хабаргузорӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳур Бердимуҳаммадов дар Бишкек ҳамоиши бозаргонии "Қирғизистон-Туркманистон" бо мушорикати раҳбарони вазоратхонаҳову ниҳодҳои ду кишвар ва тоҷирони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Мавзуъ

Тоҷикистон ба Қирғизистон як кВт нерӯи барқро 2,5 сентӣ мефурӯшад
Қирғизистон қарордод бо ИМА-ро лағв кард
Бишкек ИМА-ро дар талоши тахриби сулҳ дар Қирғизистон муттаҳам кард
Отамбоев: касе ба Қирғизистон дастдарозӣ мекунад, ҷавобашро мегирад
Дар Қирғизистон аз Рӯзи Пирӯзӣ 7 май таҷлил мешавад
Райисҷумҳури Туркманистон беш аз 1000 шаҳрвандро афв кард
Ҳайкали президенти Туркманистон дар Ашқобод гузошта шуд
Туркманистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро тамдид накард
Дар Туркманистон баргузории гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳоро иҷоза медиҳанд
Барчаспҳо:
Бердимуҳаммадов то 6 август дар Бишкек мемонад, Оғози сафари давлатии раҳбари Туркманистон ба Қирғизистон, президенти Туркманистон, президенти Қирғизистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Алмазбек Отамбоев, Туркманистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ