06:21 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото

Пешвои “Ал-қоида” садоқати худро ба роҳбари “Толибон” изҳор кард

© AP / Amir Shar
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Раҳбари “Ал-Қоида” барои ёфтани паноҳгоҳ дар марзи Афғонистону Покистон талош дорад, ки аз такягоҳҳои асосии Толибон ба ҳисоб меравад ва дар иртибот бо ин ба сарвари ҷадиди ҳаракати тундгароёни исломӣ изҳори садоқат кард.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Пешвои созмони Ал-Қоида Айман ал-Завоҳирӣ, ба раҳбари нави Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур изҳори садоқат кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

"Мо садоқати худро ба ҷаноби пешвоямон, роҳбари содиқ Ахтар Муҳаммад Мансур баён мекунем, Аллоҳ ӯро нигаҳбон бошад",- иқтибос меорад оҷонсӣ аз суханони Завоҳирӣ.

Мақомоти амниятӣ ба ин назаранд, ки Айман ал- Завоҳирӣ бо ин кор мавзеъгирии созмонаш дар баҳсҳо ба сари раҳбарии гурӯҳи Толибонро нишон додааст ва раҳбари Ал-Қоида барои ёфтани паноҳгоҳ дар марзи Афғонистону Покистон талош дорад.

Баъди таъйид шудани марги раҳбари пешини "Толибон" Мулло Умар, ҳаракати мазкур Ахтар Муҳаммад Мансурро пешвои ҷадиди худ эълон кард.  

Мавзуъ

Мулло Умар: музокирот барои сулҳ дар Афғонистон иқдоми дуруст аст
Барчаспҳо:
изҳори садоқати Завоҳирӣ ба пешвои Толибон, байъат, созмони "Ал-қоида", ҳаракати "Толибон", Ахтар Муҳаммад Мансур, Мулло Умар, Айман-ал Завоҳирӣ, Покистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ