Дар интихоботи Қирғизистон ду тоҷик довталаб шуданд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкБинои парлумони Қирғизистон дар шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Қирғизистон дар шаҳри Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равшанбек Собиров ва Саидолим Ҷӯраев – аз тоҷикони муқими Қирғизистон барои соҳиб шудан ба курсиҳои парлумони он кишвар вориди корзори интихобот мешаванд. Интихобти парлумонии он кишвар 4 октябр барпо хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ду нафар аз тоҷикони Қирғизистон барои соҳиб шудан ба курсии вакили парлумон дар он кишвар вориди мубориза мешаванд, навиштааст Радиои Озодӣ.

Нозирон аз Тоҷикистон ба интихоботи Жогорку Кенеш мераванд

Аз ҷумла дар рӯйхати номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи президент Алмосбек Отамбоев Саидолим Ҷӯраев, аз тоҷикони зодаи шаҳраки тоҷикнишини Учқӯрғон пешбарӣ шудааст.

"Саидолим Ҷӯраев 52 сол дорад ва як полковники бознишаста аст. Ҳоло раҳбарии корхонаи "Машзавод" дар шаҳри Қизил — Кияро бар ӯҳда дорад", — гуфтааст Қодиршоҳи Муруват, намояндаи Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ.

Ба ақидаи Муруват, шонси ба парлумон роҳ ёфтани Саидолим Ҷӯраев зиёд аст, чунки таҳлилгарон ба 40 курсии парлумон даст ёфтани Ҳизби сотсиал-демократро пешбинӣ мекунанд. Номзади дувуми эҳтимолӣ аз миёни тоҷиктаборон Равшанбек Собиров, раиси анҷумани тоҷикон ва вазири собиқи ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон аст. Равшанбек Собиров дар интихоботи 5 сол пеш низ вакили парлумон интихоб шуда буд, вале баъди интихобаш ба узвияти кобина аз парлумон рафт.

Равшанбек Собиров, ки дар соли 2011 нахустин вазири тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон шуд, дар соли 2012 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Вале моҳи марти соли 2014 ӯро бар асоси қонуни афв раҳо карданд. 

Равшанбек Собиров 18 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфтааст, ӯ ин бор аз номи ҳизби Азаттик (Озодӣ)-и генерал Исмоил Исҳоқов ба парлумон меравад.

"Вале рӯйхати мо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Анҷумани Ҳизби Озодӣ рӯзи 19 август дар толори Филармонияи Бишкек доир мешавад. Номзадии ман низ матраҳ аст, вале рӯйхати ниҳоӣ танҳо баъди анҷумани интихоботии ҳизб дақиқ хоҳад шуд", — гуфтааст Равшанбек.

Оқои Собиров афзудааст, дар ҳар сурат, ӯ ҳаққи ширкат дар интихоботро дорад, чунки Додгоҳи олии Қирғизистон моҳи июни имсол ӯро бегуноҳ эълон кард ва доғи судиаш ҳам пок шуд.

Интихоботи парлумони Қирғизистон рӯзи 4 октябр доир мешавад ва 120 вакили Жогорку Кенеш танҳо аз рӯйхатҳои ҳизбӣ пешбарӣ мешаванд. То кунун 8 ҳизби сиёсӣ рӯйхати номзадҳои хударо дар анҷуманҳои интихоботиашон ниҳоӣ кардаанд.

Ҳизби сотсиал-демократи раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 17 август дар анҷуманаш 131 нафарро аз номи ин ҳизб номзад кард. Ин ҳизб дар сомонааш навиштааст, ки рӯйхати сотсиал-демократҳо ба ҷуз аз худи номзадҳои қирғиз 25 намояндаи ақвоми дигарро низ дар бар мегирад.

Ҳизби Озодии генерал Исҳоқов дар парлумони кунунӣ 10 вакил дорад ва эҳтимол аст, ки нуфузашро дар ҳайъати ояндаи Жогорку Кенеш низ ҳифз хоҳад кард. Қодиршоҳи Муруват мегӯяд, агар номи Равшанбек Собиров низ дар даҳгонаи аввали номзадҳои ҳизби Озодӣ биояд, шонси зиёди гузаштан ба парлумонро ба даст меорад ва дар сурати пирӯзии ӯву полковник Ҷӯраев тоҷикҳои Қирғизистон метавонанд барои бори аввал соҳиби ду курсӣ дар парлумони ин кишвари Осиёи Марказӣ шаванд.

Дар Қирғизистон, бино ба омори расмӣ, тақрибан 55 000 тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон тақрибан 1,1 дарсад аз 5 миллион аҳолии Қирғизистонро ташкил медиҳанд. Як маҳалли асосии сукунати деҳаи Учқӯрғон дар вилояти Бодканд буда, ҳамин тавр, дар гӯшаҳои дигари ин вилоят ва ҳам дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод низ ба сар мебаранд. Бар илова, танҳо дар вилояти Чуй дар шимоли Қирғизистон 6 000 муҳоҷир аз Тоҷикистон, бо шумули қирғизҳои кӯчида аз Тоҷикистон, зиндагӣ мекунанд. Ҳазорон муҳоҷири дигар аз Тоҷикистон дар пойтахт, шаҳри Бишкек ва шаҳрҳои дигари саноатии Қирғизистон макони кору зиндагӣ пайдо кардаанд. Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ барои тоҷикони ин кишвар нашрияи тоҷикие бо номи "Паёми Алатоо" нашр мекунад.

Лентаи хабарҳо
0