12:36 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ба ФР бо сафари расмӣ рафт. Акс аз бойгонӣ

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Туркманистон шурӯъ гардид

© Sputnik / Григорий Сысоев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари расмӣ пагоҳ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, чун натиҷа якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шоми рӯзи гузаштаи 19 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии райисҷумҳур.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Григорий Сысоев

Дар фурудгоҳи Ашқобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, сарвари давлати Тоҷикистонро   муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва дигар шахсони воломақом самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари расмӣ миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, якчанд санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳии олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Барчаспҳо:
мулоқот бо президент, боздид аз Туркманистон, сафари расмии Раҳмон ба Ашқобод, Шӯрои вазирони Туркманистон, президенти ҶТ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Эмомалӣ Раҳмон, Ашқобод, Туркманистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ