03:59 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик мегӯяд, дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бештар ҷанбаи тарғиботӣ, сиёсӣ ва идеологӣ дорад, на иқтисодӣ.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик мегӯяд, барои ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва ё Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё набояд хушбин буд, навиштааст ОИ TojNews.

Сатторзода ин нуктаро дар мизи мудаввари Фонди ҷамъиятии "Гуфтугӯи тамаддунҳо" ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзӯи "Муҳоҷирати меҳнатӣ дар муҳити Иттиҳоди иқтисодии Евразия" зикр кард. Дар ин мизи мудаввар, ки 25-уми август дар Душанбе баргузор шуд, бархе аз коршиносон таъкид кардаанд, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ба шароити муҳоҷирон ва таҳсил дар Русия сабукиҳо хоҳад овард.

Вале профессор Сатторзода нисбат ба созмонҳое, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ба миён омадаанд, назари дигар дорад.

"Ворид шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ба сарнавишти миллати мо вобастагӣ дорад ва масъалаи ҷиддӣ аст. Набояд ба аъзо шудан ба ин созмон хушбин буд", — афзудааст ҷаноби профессор.

"Александр Лукашенко, президенти Белорус одами тасодуфӣ нест, яке аз муссисони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҳсуб меёбад. Ӯ дар мулоқоташ бо президентҳои Русия ва Қазоқистон пешниҳод кард, ки таъсиси ин ниҳод 10 сол ба қафо партофта шавад. Чунки миёни кишварҳои узв хеле масъалаҳо вуҷуд дорад", — гуфтааст ин донишманди тоҷик.

Абдунабӣ Сатторзода бовар дорад, ки дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бештар ҷанбаи тарғиботӣ, сиёсӣ ва идеологӣ дорад, на иқтисодӣ.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё панҷ кишвари собиқ шӯравӣ; Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистону Қирғизистонро ба ҳам овардааст. Аммо ин созмон қасд дорад аз ҳисоби боқии кишварҳои пасошӯравӣ миқёсашро васеътар бигардонад.  

Барчаспҳо:
пайвастан, Иттиҳоди гумрукӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ