21:47 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Ҷаҳон Қурбонов дар бозиҳои олимпии Лондон-2012

Ҷаҳон Қурбонов ба нимфинали сабқати муштазанҳои Осиё роҳ ёфт

© AP / Patrick Semansky
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳхат гирифт, омадааст дар хабари сомонаи Кумитаи милии олимпии ҶТ.

Сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон Мирзо Шамсиев гуфтааст, дар ин мусобиқа ба ғайр аз Ҷаҳон Қурбонов, дигар муштзанҳои тоҷик аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

"Ҷаҳон бошад, дар рақобатҳо дар вазни зери 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор мешавад, рақиби муштзани тоҷик як варзишгар аз Қазоқистон мебошад",- меафзояд манбаъ.

Ба иттилоъи сармураббӣ, Ҷаҳон Қурбонов барои унвони қаҳрамони Осиё талош хоҳад кард, вале агар дар қувваозмоии ниманиҳоӣ шикаст хӯрад, бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат дорад, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист. Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои якум то ҳафтумро ишғол мекунанд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф мешаванд.

Дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад.

 

Барчаспҳо:
варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ба нимфинал баромадани муштзани тоҷик, бокс, муштзан, қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, Мирзо Шамсиев, Ҷаҳон Қурбонов, Осиё, Бангкок, Тайланд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ