16:29 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Коршиноси тоҷик дар умури Афғонистон бар ин аст, ки тасарруфи шаҳри Қундуз аз сӯи Толибон хатар барои мақомоти ин кишвар аст ва барои Тоҷикистон танҳо боиси коҳиши табодули коло бо ҳамсоякишвараш хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Таҳти идораи Толибон қарор гирифтани шаҳри Қундуз, ки ҳаммарз бо вилояти Хатлон аст, барои Тоҷикистон мудҳиш намебошад ва минтақаи ҳамвор ҳам ҳасту дифои он хеле осон хоҳад буд, гуфт, коршиноси тоҷик Қосим Бекмуҳаммад дар суҳбат бо Sputnik.

"Вилояти назди марзии Афғонистон — Қундуз минтақаи ҳамвор аст ва идораи он ҳам хеле осон мебошад. Агар ҷангиёни Толибон Бадахшони куҳии Афғонистонро бигиранд, он замон вазъият бад хоҳад шуд. Чун ҳатто Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ натавонист, дар ин минтақа амниятро 100% таъмин кунад. Ба мақомоти тоҷик ҳоло зарур аст, танҳо назорат дар марз бо Қундузро пурзуртар кунанд", изҳор дошт бо боварӣ Бекмуҳаммадов.

Дар баробари ин, ба гуфтаи ӯ, толибони вилояти назди сарҳадии Тоҷикистон қаблан раҳбарони худро итоат намекарданд. Аз ин рӯ, ба ин масъала бояд диққати ҷиддӣ дод.

"Қундуз аз нигоҳи геополитикӣ аз аҳамияти бузурге бархурдор аст. Чун ҳар касе идораи Қундузро дар даст дорад, метавонад, роҳ ба сӯи Кобул ва аз ҷониби дигар ба сӯи Таҳору Бадахшонро ҳам идора кунад. Яъне ин маънои онро дорад, ки ҳоло роҳи табодули колои Тоҷикисту Афғонистон ва бандари Шерхон дар дасти Толибон аст", афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба назари коршиноси тоҷик, ҳамлаи ахири Толибон нишон дод, ки онҳо бо гирифтани Қундуз қонеъ нахоҳанд шуду ба навоҳии ҳамсояи он ҳам ҳуҷум мекунанд.

"Ҳатто мақомоти Афғонистон ҳам агар онҳоро аз ин минтақа берун кунанд, ин ҳам барои як замони кутоҳ хоҳад буд. Моҳи август Дустум гӯиё тавонист вилояти ҳаммарз бо Туркманистон — Форёбро аз Толибон тоза кунад, вале ин гуруҳ баъд аз ду ҳафта дубора онро тасарруф кард", таъкид кард Бекмуҳаммад.

Ҷангиёни гуруҳи Толибон бо вуҷуди талошҳои мудовими ҳукумати Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот бо онҳо ҳамлаҳои худро охирҳои моҳи апрел густариш доданд. Шаҳри Қундуз аз моҳи майи соли равон ба ин сӯ, дар муҳосираи ин гуруҳ қарор дошт. Тибқи изҳороти мақомоти маҳаллӣ, ҷангиёни "Давлати исломӣ ҳам паҳлубапаҳлу бо ҷанговарони Толибон дар ҳоли набарданд.

Ин нахустин ҳамлаи густурдаи гуруҳи Толибон баъд аз хуруҷи неруҳои Нато ба шумор меравад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон, ҳаммарз, Толибон, ҳамла, хатар доштан, тасарру кардан, Толибон, Қосим Бекмуҳаммад, вилояти Хатлон, Тоҷикистон, Қундуз, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ