07:58 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аснои амалиёти низомӣ ва даргирӣ миёни ҷангиёни «Толибон»-у неруҳои ҳукуматӣ дар Қундуз бинои консулгарии кишвар тахриб шуда, таъмирталаб гардидааст.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба таври муваққатӣ ва бо сабаби ноамнӣ консулгариашро дар вилояти Қундуз баст, иброз доштанд дар Вазорати умури хориҷа ба Sputnik.

Ба қавли масъули департаменти иттилооти ВКХ, бар асари даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Қундуз, бинои консулгарии Тоҷикистон дар он шаҳр тахриб шуда ва феълан баста аст.

Дар шаҳри Қундуз консулгарии Тоҷикистон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ маҳсуб меёфт ва азсаргирии фаъолияти консулгарӣ ба вазъи амниятӣ иртибот дорад.

Қайд мешавад, ки бинои консулгарии Тоҷикистон дар назди бинои фармондеҳии пулиси вилояти Қундуз воқеъ мебошад ва дар ин даргириҳо бинои он тахриб шудааст.

Дар ҳоли ҳозир консули Тоҷикистон дар Қундуз Ятимшоҳ Мусофиров дар Душанбе қарор дорад. Ӯ чанд рӯз қабл барои ширкат дар як ҳамоиши консулҳо ба пойтахти кишвар даъват шуда буд.

Мавзуъ

ВАО: Қундуз ба зудӣ аз “Толибон” пок мешавад
Барчаспҳо:
ноамнӣ дар наздикии марз, баста шудани консулгарӣ, ҷанг дар Қундуз, нооромӣ, Консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз, ВКХ ҶТ, Ятимшо Мусофиров, Қундуз, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ