01:05 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ин иқдом дар пайи фирори маҳбусон аз СИЗО-50, воқеъ дар наздкии шаҳри Бишкек гирифта шудааст, ки ҳафт тани онҳо барои як умр пушти панҷара рафта буданд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар пайи фирори дастаҷамъии маҳбусон аз СИЗО-50 ба низоми кории шадид гузаштаанд, — хабар додааст, дафтари матбуоти ВКД-и ин кишвар.

"Макони будубоши маҳбусони фирории боқӣ то ҳол ошкор карда нашудааст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳам низоми кории худро пурзур кардаанд. Маҷмаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӣ идома ёфта, ин қазия таҳти назорати қатъии вазири умури дохилии Қирғизистон қарор дорад", афзудааст, манбаъ.

Шаби 12 ба 13 октябри соли равон аз СИЗО-50-и Қирғизистон 9 маҳбус, ки 7 тани онҳо барои як умр равонаи зиндон шуда буданд, муҳофизони зиндонро ба қатл расонида, фирор карданд. Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон имкон шудааст, 5 тани онҳоро дар минтақаи сарҳадии ин кишвар ва Қазоқистон боздошт кунанд ва чаҳор нафари дигар ҳоло дар озодӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Қирғизистон дастур додааст, тамоми иншооти стартегии ин кишвар таҳти назорати шадид қарор дода шавад.

Барчаспҳо:
Қирғизистон, Бишкек, СИЗО, маҳбусон, фирор, СИЗО-50, Қирғизистон, Бишкек

Мавзӯъҳои асосӣ