07:31 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Вилояти Қундузи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Бойгариҳои табии Афғонистон - манбаи аслии даромади Толибон

© Flickr/ Afghanistan Matters
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Бойгариҳои табии Афғонистон ба манбаи даромади аслии Толибон табдил ёфтааст. Ин гуруҳ ҳатто аз ширкатҳои истихроҷкунанда ҳам боҷ меситонид.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Даромади аслии ҷунбиши террористии Толибон тайи солҳои ахир аз ҳисоби бойгариҳои табии Афғонистон мебошад, — навиштааст, телевизиони ТулуъНюз аз қавли масъули Шабакаи назорат аз муҳити зист ва манобеи табии ин кишвар Иброҳим Ҷаъфарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ширкатҳое, ки иҷозатномаи Вазорати маодини Афғонистонро доранд, бояд барои иҷрои корҳои истехроҷӣ дар конҳо бо супоридани боҷ аз Толибон ҳам иҷоза бигиранд.

"Соли равон ҳаҷми даромад аз ҳисоби бойгариҳои табии Афғонистон 34 миллион пешбинӣ шудааст. Дар ҳоле ки тибқи ваъдаи аввалияи ҳукумат бояд дар як сол 1,5 миллиард доллар аз ҳисоби маъданҳо даромад ба даст меомад", — мегӯяд, Ҷаъфарӣ

Масъулини Шабакаи назорат аз муҳити зист ва манобеи табии Афғонситон аз он ибрози нигаронӣ доранд, ки ҷунбиши Толибон барои дастёбӣ ба сарвати 1 триллион долларӣ ба конҳои ин кишвар чамшдӯхта, тасаллути худ бар бойгариҳои табииро меафзояд.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам дар гузориши моҳи феврали худ гуфта буд, ки маъданҳои Афғонистон ба манбаи дуюми даромади гуруҳи Толибон табдил ёфтааст.

 

 

Барчаспҳо:
табиӣ, бойгарӣ, кон, даромад, маъдан, Толибон, Афғонистон, дастёбӣ ба маъданҳо, СММ, Толибон, Иброҳим Ҷаъфарӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ