19:57 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Китайские военнослужащие. Архивное фото.

Чин тамрини киштиҳои ИМА-ро дар баҳри Ҷанубӣ маҳкум кард

© Sputnik / Евгений Епанчинцев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Адмирали чинӣ У Шэнли аснои як видеоконфронс бо ҳамтои амрикоиаш амалкарди Вашингтонро дар минтақа “тавтеъа” номид.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Фармондеҳи неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Чин адмирал У Шэнли иброз дошт, ки "як иштибоҳи содда" метавонад боиси муноқишаи байналмилалӣ шавад ва боси сар задани ҷанг гардад, менависад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Ин ҳарфҳоро адмирали чинӣ аснои видеоконфронс бо ҳамтои амрикоиаш адмирал Ҷон Ричардсон дар мавриди тамринҳои киштии зериобии ИМА дар обҳои баҳри Ҷанубӣ ироа кард.

Ба иттилоъи расида, киштии зериобии амрикоӣ чанде қабл ба мавзеъи мутаалиқи Чин дар обҳои Ҷанубӣ наздик шуда, хашми Пекинро ба бор овардааст. Вазорати умури хориҷаи Чин эътирозашро ба ИМА баён дошта, гуфт, ин амалкард таҳдид ба истиқлоли ҷумҳурии мардумист.

Пентагон ҳузури киштиҳои зериобиашро дар обҳои баҳри мазкур тасдиқ карда гуфт, амалиёт дар оянда низ идома хоҳад кард.

Ба қавли вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер, моҳҳои оянда ва дар ояндаи наздик дар чорчӯби муоҳадаҳои байналмилалӣ чунин тамринҳо сурат мегиранд.

 

Барчаспҳо:
тавтеъа, киштии зериобӣ, баҳси Пекину Вашингтон, вазири мудофиаи ИМА, Неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Чин, Ҷон Ричардсон, У Шэнли, Эштон Картер, Пентагон, Пекин, Вашингтон, Чин, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ