ВАО: амалиёти густурдаи неруҳои миллии Афғонистон дар Бадахшон

© AP / Rahmat GulХидматчиёни ҳарбии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Хидматчиёни ҳарбии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ин амалиёт то ҳол 8 ҷангҷӯ бо шумули 2 хориҷию 2 маъмури амниятии ин кишвар кушта шуда, 4 корманди пулис захм бардоштаанд.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Амалиёти густурдаи неруҳои миллии Афғонистон дар вилояти Бадахшони ин кишвар алайҳи ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ оғоз гардидааст, иттилоъ медиҳад Tolonews.

"Мақомҳои амниятии Бадахшон мегӯянд, неруҳои амниятӣ амалиёти густурдаи пасгирии баъзе аз бахшҳои Бадахшон, аз ҷумла, вулусволиҳои Вирдач ва Роғистонро аз ҷангиён шуруъ кардаанд", — афзудааст манбаъ.

Афғонистон: тасарруфи вулусволии Дарқад аз сӯи Толибон

Манбаъ бо истинод ба фармондеҳии пулиси Бадахшон гузориш додааст, ки дар пайи ин амалиёт то ҳол 8 ҷангҷӯ бо шумули 2 хориҷию 2 маъмури амниятии ин кишвар кушта шуда, 4 корманди пулис захм бардоштаанд.

"Мо тасмим гирифтаем, ки Бадахшонро аз вуҷуди ҷангиён тоза кунем ва дар давоми як рӯзи амалиёти худ тавонистем, ба ин гуруҳҳо хисороти бузурге расонем ва бештари манотиқи таҳти тасарруфи онҳо ҳоло дубора дар ихтиёри неруҳои давлатӣ аст", — мегӯяд фармондеҳи амнияти Бадахшон Сахӣ Ғафурӣ.

Шӯрои вилояти Бадахшон ҳарчанд аз шуруи ин амалиёт истиқбол мекунад, вале талаб дорад, ки баъд аз анҷоми амалиёти поксозӣ бояд дар манотиқи гуногуни ин минтақа постгоҳҳо ташкил карда шавад.

Амалиёти поксозии неруҳои амниятии Афғонистон дар Бадахшон замоне шуруъ гардида, ки наздик ба як сол мешавад, 42 рустои вулусволии Вирдачи ин вилоят таҳти идораи ҷангиён қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0