07:03 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Муовини вазири дифои Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва афзоиши нуфӯзи он дар ин қаламрави аввалӣ нигарон мебошад, гуфтааст муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов.

Дар ин бора ӯ зимни нишасти сеюми вазирони дифои Иттиҳоди мамлакатҳои Осиёию Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ибрози назар кардааст.

"Афзоиши нуфӯзи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Афғонистонро қайд менамоем, ки ҳоло дар 25 то 30 вулусволии ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад ва инчунин аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронем", — изҳор доштааст ӯ.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид ба амнияти ҷаҳон талаққӣ мешавад. Тайи се соли ахир ҷангиёни "ДИ" аз нисф бештари қаламрави Ироқ ва Сурияро зери назорат гирифта, хатари паҳншавии он ба кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Либиё истисно намебошад.

Давлати исломӣ
© Инфографика .
"Давлати исломӣ"

Барчаспҳо:
Русия, дифоъ, вазир, АСЕАН, Туркманистон, Афғонистон, сарҳад, марз, Тоҷикистон, Давлати исломӣ, ДИИШ, фаъолшавӣ, нигаронӣ, нигаронӣ, Вазорати дифои Русия, Давлати исломӣ, Анатолий Антонов, Туркманистон, Афғонистон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ