20:39 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Сергей Лебедев. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони СПАД, СҲШ ва ИДМ терроризм ва муҳоҷиратро баррасӣ карданд

© Sputnik / Виталий Белоусов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зимни гуфтушуниди ахири худ масоили марбут ба мубориза бо таҳдидҳои наву сиёсати муҳоҷиратро ҳам ба баҳс кашидаанд.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Мулоқоти раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, менависад бахши узбакии Sputnik.

"Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва дабири кулли ШҲС Дмитрий Мезентсев масоили муҳимми марбут ба сиёсати байналмилалию таҳкими амниятро баррасӣ кардаанд", — навиштааст манбаъ.

Инчунин Раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зимни гуфтушуниди ахири худ масоили марбут ба мубориза бо таҳдидҳои наву сиёсати муҳоҷиратро ҳам ба баҳс кашидаанд.

Ба узвияти СҲШ ба ҷуз Русия Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ҳам шомиланд. Кишварҳои Беларус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон ҳамчун узви нозири он ба шумор мераванд. Ибтидои аввали моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз гардид.

Барчаспҳо:
Бордюжа, Мезентсев, Лебедев, СҲШ, Дмитрий, ИДМ, Сергей, вохурӣ, СПАД, баррасӣ, ИДМ, СПАД, СҲШ, Дмитрий Мезентсев, Сергей Лебедев, Николай Бордюжа, Ҳиндустон, Узбакистон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ