04:04 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Алмосбек Отамбоев.

Отамбоев исми шаҳрванди 6 миллионуми кишварашро эълон мекунад

© Sputnik / Сергей Гунеев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Қаблан гуфта шуда буд, ки ҳукумат барои таваллуди ин кӯдак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир хоҳад кард. Аммо ҳоло кабинаи вазирон муайян накардааст, ки бахшида ба ин сана чӣ чорабиние баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Исми тифлиди навзоде, ки шумори аҳолии Қирғизистонро ба 6 миллион нафар мерасонад, раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев эълон хоҳад кард, дар ин бора аз кабинаи вазирони ин кишвар дар суҳбат бо бахши қирғизии Sputnik хабар додаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, гуруҳи кории ҳукумати Қирғизистон шаби гузашта рӯйхати кӯдаконеро, ки барои гирифтани унвон номзадии онҳо пешниҳод шудааст, тартиб додаанд.

"Субҳ, раисҷумҳур Отамбоев исми шаҳрванди 6 миллионуми ҷумҳуриро эълон менамояд", — афзудааст манбаъ.

Ба иттилоъи расида, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тақаллуб ва сохтакорӣ шаби гузашта комиссияи ҳукуматӣ дар Вазорати тандурустии Қирғизистон навбатдорӣ кардаанд.

Қаблан гуфта шуда буд, ки ҳукумат барои таваллуди ин кӯдак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир хоҳад кард. Аммо ҳоло кабинаи вазирон муайян накардааст, ки бахшида ба ин сана чӣ чорабиние баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Бишкек хабар додаанд, ки бахшида ба таваллуди кӯдаки 6 миллионум дар майдони "Ала-Тоо" консерти идона баргузор хоҳад шуд. Оғози ин барномаи консертӣ соати 18:00-и шоми 26 ноябр ба вақти маҳаллӣ гуфта шудааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, аз соати 18:00 то соати 06:00- субҳи 26 ноябр ситоди ҷамъоварии маълумот дар бораи тифлҳои навзод кор кардааст.

Ин ситод аз ҳисоби намояндагони ҳукумат, Кумитаи омор ва Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудааст. онҳо маълумот дар бораи тамоми кӯдакони навзодро гирдоварӣ карда, барои муайян кардани 6 миллионум шаҳрванди Қирғизистон ба комиссияи ҳукуматӣ супорида шуд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар давоми як соат дар ин кишвар аз 10 то 18 тифл ба дунё меояд.

Барчаспҳо:
"Ала-Тоо", шаш, миллион, тифл, кӯдак, шаҳрванд, майдон, консерт, таваллуди шаҳрвади 6 миллионуми Қирғизистон, Кумитаи омори Қирғизистон, Кабинаи вазирони Қирғизистон, Вазорати тандурустии Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ