Шаҳрдори Бишкек: таваллуди шаҳрванди 6 миллионум нишоне аз рушди мост

© Sputnik / Павел ЛисицынСалют. Акс аз бойгонӣ
Салют. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди 6 миллионуми Қирғизистон фарзанди 6-уми хонавода буда, ӯро Ойлин ном гузоштаанд.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек бахшида ба таваллуди шаҳрванди 6 миллионуми Қирғизистон барномаи консертӣ баргузор гардид, навиштааст бахши қирғизии Sputnik.

Дар ин чорабинӣ шаҳрдори Бишкек Кубаничбек Кулматов, раиси Дастгоҳи президент Фарид Ниёзов ва нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев суханронӣ карда, сокинони кишвари худро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

"Ба дунё омадани ин кӯдак баёнгшари он аст, ки кишвари мо дар ҷойи худ қарор наистодааст. Бахусус, афзоиши шумори аҳолии мо бозгӯкунандаи тараққиёти шаҳру навоҳӣ ва кишвар дар тамоми соҳаҳо мебошад. Волидайни муҳтарафи Айлин, Шуморо ба таваллуди ин духтаратон табрик менамоям", — илова кардааст Кулматов.
Шаҳрванди 6 миллионуми Қирғизистон фарзанди 6-уми хонавода шуда, ӯро Ойлин ном гузоштаанд.

Алмосбек Отамбоев. - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев исми шаҳрванди 6 миллионуми кишварашро эълон мекунад

Ин духтарак шоми 26 ноябр тахминан соатҳои 18:12 дақиқа дар шаҳри Ӯш ба дунё омада, 3 килову 870 грам вазн дорад. Падараш Алмос ва модараш Роҳат Белекова ном доранд.

Ба гуфтаи раҳбари хонавода, номи ин кӯдакро модараш гузоштааст. Ҳоло хонаводаи Ойлин соҳиби 6 фарзанд, се писару се духтар шуданд. Фарзанди бузурги хонавода 18 сол дорад.

Ҷаноби Кожошев инчунин қайд кард, ки аз хабарнигори Sputnik фаҳмидааст, бо дастури президент ба онҳо хона медиҳанд. То ин дам онҳо дар шаҳри Ӯш дар манзили хонаводагӣ ба сар мебурданд.

"Бисёр хурсанд шудам, раҳмат ба президент. Албатта, ин бароям ғайричашмдошт аст",- афзудааст ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, аз соати 18:00 то соати 06:00- субҳи 26 ноябр ситоди ҷамъоварии маълумот дар бораи тифлҳои навзод кор кардааст.
Ин ситод аз ҳисоби намояндагони ҳукумат, Кумитаи омор ва Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудааст. Онҳо маълумот дар бораи тамоми кӯдакони навзодро гирдоварӣ карда, барои муайян кардани 6 миллионум шаҳрванди Қирғизистон ба комиссияи ҳукуматӣ супорида шуд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар давоми як соат дар ин кишвар аз 10 то 18 тифл ба дунё меояд.

Шумори аҳолии Тоҷикистон кайҳо аз марзи 8 миллион нафар кайҳо убур кардааст. Кӯдаки 8 миллионуми тоҷик 5 феврали соли 2013 ба дунё омада буд.

Шаҳрванди 8 миллионуми Тоҷикистон ҳам духтар буда, дар хонаводаи Раҳмоновҳо дар кӯчаи Ҳисори пойтахт ба дунё омад.

Аз номи раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин хонавода калиди хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0