03:02 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Ҷангиёни ДИИШ

Дар Афғонистон 10 узви ДИИШ-ро боздошт кардаанд

© AP / Militant Website, File
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Инчунин қайд мешавад, ки аз боздоштшудаҳо миқдори зиёди пули афғонӣ ва покистонӣ мусодира шудааст. Ин ҷангиёни ДИИШ аз ҷониби гуруҳи иктишофии Вазорати дифои Афғонистон боздошт шудаанд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Даҳ узви созмони террористии ДИИШ, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрванди Афғонистон мебошанд, дар вилояти Нангарҳор дастгир шудаанд, хабар медиҳад Вазорати дифои ин кишвар.

Ин аъзои созмони фаъолияташ мамнуъ дар қаламрави Русия дар шоҳроҳи Ҷалолобод — Турхоми Афғонистон дастгир гардидаанд.

"Чаҳор нафари террористҳои боздоштшуда шаҳрванди Афғонистон мебошанду боқӣ табааи Покистонанд", — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Инчунин қайд мешавад, ки аз боздоштшудаҳо миқдори зиёди пули афғонӣ ва покистонӣ мусодира шудааст. Ин ҷангиёни ДИИШ аз ҷониби гуруҳи иктишофии Вазорати дифои Афғонистон боздошт шудаанд.

"Ду миллиону 200 ҳазор рупияи покистонӣ, 50 ҳазори афғонӣ ва ду мототсикл аз дастгиршудаҳо мусодира гардидааст. Ҷангиён ин пулҳоеро, ки аз фармондеҳи ДИИШ дар Нангарҳор Мавлавӣ Атоуллоҳ гирифта буданд, бояд ба Муфтӣ Муҳаммад Исмоил мерасонданд", — афзудааст Вазорати дифои Афғонистон.

ДИИШ, ки дар ҳоли ҳозир бузургтарин ва нерумандтарин созмони террористии байналмилалӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаваду аз он "Вабои аср" ном мебаранд, дар қисмати шарқии Афғонистон, вилояти Нангарҳор вақтҳои ахир фаъолияти худро пурзӯр кардааст. Ин вилояти Афғонистон на танҳо барои исломгароёни ифротии маҳаллӣ, балки барои аъзои хориҷии созмонҳои террористӣ ҳам сарпаноҳ гардидааст.

Барчаспҳо:
дасгир, узв, афғонӣ, рупӣ, миллион, шоҳроҳ, боздошт, аъзо, боздошт, Вазорати дифои Афғонистон, ДИИШ, Муфтӣ Муҳаммад Исмоил, Мавлавӣ Атоуллоҳ, Нангарҳор, Ҷалолобод, Покистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ