06:39 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Масъулини дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон интизор набуданд,ки саҳифаи интернетии раисҷумҳур дар байни дигар муштариёни интернат чунин маъруфият пайдо мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тайи ду рӯзи ахир, ки саҳфаи "Instagram"-и президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар шабакаи Интернет фаъол шуд, беш аз якуним ҳазор ба он обуна гардиданд.

Ба қавли роҳбари бахши ахбори сиёсии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур Алмос Усенов бозшавии саҳифаи президент ба маъруфияти зиёд доштани дигар саҳифаҳояш дар "Twitter"ва  "Facebook" бастагӣ дорад.

"Моро мепурсиданд, барои чӣ президент Instagram саҳфа надоард, вале рости гап мо худ ҳам боварӣ надоштем, ки саҳифа чунин маъруфият пайдо мекунад"-қайд кард ӯ.

"Repost"-ҳои  саҳифаи раисҷумҳур фаъолона аз ҷониби хонандагон дар дигар  шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд. Айни ҳол ба саҳифаи президент дар  Instagram тақрибан панҷ ҳазор нафар дархости обуна фиристодаанд.

Усенов мегӯяд, ба тарҳу сабти ин саҳифаҳо Хадамоти матбуотии президент машғул аст, вале худи Отамбоев мунтазам дар саҳифа бо ҳамаи манбаъҳои иттилоотӣ, аз ҷумла смонаҳои хабаргузориҳо сару кор мегирад.

"Дар ҷаҳони технологияи муосир зарур аст, ки фаъолияти ҳар президент дар шабакаҳои интернетӣ нишон дода шавад. Мо медонем, ки ҳамаи роҳбарони давлатҳо саҳифаҳои худро дар шабакаҳои интернетӣ доранд ", —гуфт намояндаи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Қазоқистон.

Мавзуъ

Дастури Отамбоев ба бозрасии хабари парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мақомот
Барчаспҳо:
саҳфаи "Instagram"-и президенти Қирғизистон, фазои маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет, технологияи муосир, раисҷумҳури Қирғизистон, президенти Қирғизистон, Хадамоти матбуотии президент, Алмос Усенов, Алмосбек Отамбоев, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ