10:26 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Муштарӣ аз сомонаи WikiLeaks дидан мекунад

Уламои дин дар Ӯзбакистон аз хатароти Интернет ҳарф мезананд

© Sputnik / Илья Питалев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Идораи мазҳабии мусалмонҳои Ӯзбакистон (ИММ) дар сартосари ин кишвар дастурамали расмии "Ҳимоят аз хатарҳои Интернет"-ро муаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.  Ин китобчаи роҳнамо  дар охири соли 2015 нашр шуда, ждар қаламрави Ӯзбакистон беҳтарин китоб эътироф гардидааст.

Ба ҷуз аз кормандони ИММ, намояндагони ВКД ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ дар рӯнамоии ин дастурамал дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат мекунанд.

Ба иттилоъи Идораи мазҳабии мусулмонони ҶӮ, ин дастурамал, ба вижа аз зарари бозиҳои компютерӣ, ки зӯроварӣ, ваҳшоният, беҳаёӣ, куштор ва танбалиро таблиғ мекунанд, мардумро огоҳ месозад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулазиз Мансур, муовини раиси Идораи мусалмонҳои Ӯзбакистон, ки ҳамзамон муаллифи китоб низ ҳаст, мегӯяд, ҳадафи дастурамал сиёҳсозии Интернет нест. Баръакс, ҳадафи он — истифодаи дурусти Интернет аст.

"Дар китоб усулҳои истифодаи дурусти Интернет зикр шудааст. Ҳамчунин дар он мисол оварда шудааст, ки ҷавонон бо хондани иттилои нолозим ва бовар кардан ба он дар зиндагӣ роҳгум задаанд",- меафзояд ӯ.   

Мавзуъ

Кумита мегӯяд, миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон баҳси экологӣ нест
Барчаспҳо:
уламои ӯзбак, хатари Интернет, амният, хатар, Идораи мазҳабии мусулмонони Ӯзбакистон, ИММ, Тошканд, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ