10:16 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон аз рӯи шумораи бештари номҳои доменӣ дар Интернет пешсаф мебошанд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Қазоқистон аз рӯи бештарин торнома (исмҳои доменӣ) дар Интернет мақоми аввалро соҳиб шуд, иттилоъ медиҳад, Sputnik Қирғизистон бо истинод ба портали Wired ва маълумоти IT-таҳлилии ширкати бритониёӣ Nominet.

Торнома дар харитаи ҷаҳонӣ шумораи номҳои домении ҳар як кишварро нашр кард.

Ҷои аввалро ҷазираи Токелау, ки зери нуфузи Зеландияи нав қарор дорад, соҳиб шуд. Дар ҷазира, ки  ҳамагӣ яку ним ҳазор нафар умр ба сар мебаранд, зиёда аз 31,3 миллион домен сабти ном шудааст.

Мақоми дуюм насиби Чин гардид. Дар сераҳолитарин мамлакати дунё 16,8 миллион номи доменӣ вуҷуд дорад. Қатори ғолибонро Олмон бо 16 миллион ва Бритонияи Кабиру Нидерланд ишғол мекунанд.

 

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо (121 901 домени.kz) пешсаф буда, Узбакистон бо 25 853 номи доменӣ дар ҷои дуюм меистад. Дар Қирғизистон дар фазои.kg 8 373 домен сабти ном шудаанд. Дар Тоҷикитону Туркманистон 6 504 ва 5 820 торнома арзи ҳастӣ дорад.

Домени машҳуртарин бо 123 миллион сабти ном домен.com аст, вале ӯро дар мусобиқа ба назар нигирифтанд, чунки ин домен ба ягон кишвар тааллуқ надорад.

Домен (номи доменӣ)-ин суроғаест, ки истифодакунандагон ҳангоми даромадан ба торнома истифода мебаранд. Суроғаи домен аз ду қисм иборат аст: доменҳои сатҳи аввал ва дуввум. Мувофиқи созишномаи байналмиллалӣ ба ҳар як кишвар домени сатҳи аввал дода мешавад, ки мансубияти торномаро ба ин ё он мамлакат нишон медиҳад:.ru,.by,.uk,.ua,.fr  ва ғайра.

Барчаспҳо:
домен, теъдоди домеҳо, сайтҳо, интернет, сомонаҳо, ширкати бритониёӣ Nominet, портали Wired, Токелау, Зеландияи нав, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ