02:04 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Бердимуҳаммедов иштирокчиёни ҷаласаро бо Наврӯзи баййналмиллалӣ табрик намуда, гуфт, ки китоби “Чой –дору ва илҳом”-ро ҳамчун тӯҳфа ба ҷашн овардааст.

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба истиқболи Наврӯз, ки рӯзҳои 21-22 март қайд мегардад, китобе таҳти унвони "Чой — дору ва илҳом"  нашр кардааст, иттилоъ медиҳад ОИ "Новости Казахстан"бо истинод ба телевизиони Туркманистон.

Наврӯз, ё рӯзи баробаршавии шабу рӯз, рамзи ба охиррасии зимистони қаҳратун,  омад омади баҳор, оғози мавсими кишту кор аст. Дар давраҳои қадим мардуми форсизабон, туркзабонон ва дигарҳо ин ҷашнро ҳамчун соли нав қайд мекарданд.

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни инсоният ба шумор рафта, таърихнигорон зиёда аз се ҳазор сол умр доштани ин иди бостониро қайд мекунанд. Дар давраҳои СССР Наврӯз расман қайд намешуд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Наврӯз дар ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Озарбойҷон мақоми давлатӣ гирифт.

Сарвари ҷумҳурии Туркманистон китоби худро дар мулоқоти муштараки ҳукумат ва Шӯрои амнияти давлатӣ муаррифӣ намуд.

Бердимуҳаммедов иштирокчиёни ҷаласаро бо Наврӯзи баййналмиллалӣ табрик намуда, гуфт, ки бо тӯҳфа, китоби "Чой —дору ва илҳом" ба истиқболи ҷашн омадаст.

"Ин китобро ман имрӯз ба шумо ва халқи азизам тақдим мекунам",- гуфт президент ва нусхаҳои китобро ба нахуствазир ва роҳбарони сохторҳои амнияту ҳукумат эҳдо кард.

Ин китоби дуюми президент дар соли равон аст, ки ба аъзои ҳукумати Туркманистон аз ҷониби муаллиф тақдим мегардад. Охирҳои моҳи январ роҳбари давлат ба намояндагони ҳукумат маҷмӯъаи "Манбаъи хирад", ки аз  зарбулмасалҳое, ки худи ӯ дар тӯли чанд сол ҷамъоварӣ кардааст, супорид.

Президенти Туркманистон муаллифи чандин китобҳо мебошад. Китоб дар бораи аспҳои ахалтегӣ  "Ахалтегин-фахр ва ифтихори мо", романи "Паррандаи хушбахтӣ" ва ҳамчунин асари чандҷилдаи "Растаниҳои доруии Туркманистон " машҳуртарини онҳо ба шумор рафта, ба забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ тарҷума шудаанд.

Барчаспҳо:
тӯҳфа ба ҳукумат, китоби президент, китоб, президенти Туркманистон, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон, Ашқобод

Мавзӯъҳои асосӣ