13:42 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев. Акс аз бойгонӣ

Бишкек: барои ҳалли баҳси марз бо ҳамсоя санад дорем

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Қирғизистон мехоҳад дар асоси ҳуҷҷатҳо ва бо мувофиқати стандартҳои байналмилалӣ дар ҳалли баҳси сарҳадии Қирғизистону Узбакистон гуфтушунид доир намояд, изҳор дошт нахуствазири кишвар Темир Сариев.

ДУШАНБЕ,  24 мар — Sputnik. Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев изҳор дошт, ки барои ҳалли мусолиҳаомези баҳси сарҳадии Қазоқистону Узбакистон ҳамаи санадҳои зарурӣ тайёранд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати кишвар.

"Қирғизистон барои ҳалли масъала бо роҳи сулҳ ҳуҷҷатҳои зарурӣ дорад. Як ваҷаб заминамонро намедиҳем. Ин мавқеи асосии президент ва ҳукумати кишвар аст", —гуфт Сариев.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Аксиси вилояти Ҷалолобод бо иштироки садҳо нафар эътироз доир гардид. Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ аз ҳукумат талаб карданд то "масъалаи баровардани низомиёни Узбакистон "- ро аз минтақаҳои баҳсии кишвар ҳал намоянд.

Сариев қайд кард, ки барои нигоҳ доштани якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

"Мо дар асоси ҳуҷҷатҳои дар даст дошта мувофиқи стандартҳои байналиллалӣ дар доираи музокироти мутамаддин баҳси сарҳадии Қазоқистону Узбакистонро ҳал хоҳем кард ", —иброз дошт сарвазир.

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС қариб чоряки хати марзи давлатии Қирғизистону Узбакистон тақсимношуда боқӣ монд, ки боиси баҳсҳои ҳамешагии ин ду кишвар мегардад. Дар се соли охир бархӯрдҳои зиёде дар манотиқи сарҳадӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳодиса байни ду кишвар рӯзи ҷумъаи гузашта баъди аз ҷониби Узбакистон баровардани тақрибан 40 сарбоз ва мошинҳои зиреҳпӯш ба ноҳияи баҳсталаб сарҳади Қирғизистону Узбакистон дар минтақаи Чаласарти вилояти Ҷалолобод ва ҳамчунин гузоштани дидбонгоҳ дар шоҳроҳи Кербен-Ала-Бука тезу тунд шуд.

Дар ҷавоб Қирғизистон низ сарҳадоти худро мустаҳкам намуд. Бишкек аз Тошканд талаб дорад, то сарбозон ва мошинҳои зиреҳпӯшро аз ин минтақа берун кашад.

Кумитаи марзбонии Ӯзбакистон  мегӯяд, ки "ҳамаи техникаи низомӣ дар қаламрави Узбакистон воқеъ аст ва ҳифзи ҳудуди давлатӣ дар асоси созишномаҳои дуҷониба бе дохилшавӣ ба минтақаҳои сабтношуда гузаронида мешавад ".

Мавзуъ

Идомаи музокироти марзбонони тоҷику қирғиз дар Исфара
Барчаспҳо:
баҳсҳо, ҷанҷол дар марз, хатти марз, сарҳад, марзбонон, марз, санад, Кумитаи марзбонии Ӯзбакистон, ҳукумати Узбакистон, ҳукумати Қирғизистон, Темир Сариев, Бишкек, Узбакистон, Қирғизистон, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ