08:32 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Мувофиқи моддаи 389-и Кодекси Ҷумҳурии Қирғизистон барои вайрон кардани низоми марзӣ ҳар ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури кашида шуда, пас аз пардохти ҷарима озод мешаванд.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани сарҳади давлатӣ боздошт шудаанд, менависад сомонаи расмии Хадамоти давлатии марзбонии Ҷумҳурии Қирғизистон.

Манбаъ меафзояд, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон 12 апрел дар наздикии маҳаллаи мавсум ба Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд дастгир гардидаанд.

Аввалӣ иброз дошт, ки мехост аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тавассути мошини боркаши тамғаи "RENO" гази моеъ интиқол диҳад.

Худи ҳамон рӯз аз ҷониби марзбонони қирғиз бо ҷурми вайрон кардани сарҳад боз як шаҳрванди дигари тоҷикистонӣ боздошт гардид. Дастгиршуда ба чаронидани 500 сар чорвои шаҳрванди Қирғизистон машғул буд.

Ҳамин тавр, тибқи моддаи 389-и Кодекси Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, барои ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷарима муқаррар шудааст.

Мавзуъ

Дар Ботканд даври навбатии баҳси марзӣ доир мегардад
Барчаспҳо:
убури марз, марзшиканӣ, дастгир, боздошт, Хадамоти марзбонии Қирғизистон, Кодекси Ҷумҳурии Қирғизистон, Мақсад, Лайлак, Ботканд, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ