23:58 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сооронбай Жээнбеков. Акс аз бойгонӣ

Парлумони Қирғизистон Жээнбековро ба ҳайси инахуствазир интихоб кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳор дошт, ки намехоҳад сохтор ва ҳайати ҳукуматро, сӯи собиқ сарвазир ташкил шудаанд, дигар кунад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Парлумони Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе Сооронбой Жээнбековро ба мақоми сарвазири кишвар интихоб намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби аксари вакилони Жогорку Кенеш ҷонибдорӣ ёфт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Рӯзи душанбе собиқ сарвазири кишвар Темир Сариев изҳор дошт, ки бо сабаби муноқишаҳои тендери таҷдиди роҳи соҳили Иссикӯл ба истеъфо меравад. Худи ҳамон рӯз президент фармон дар бораи ба истеъфо рафтани Сариевро ба имзо расонд.

Зимнан, аксари вакилони Қирғизистон муовини роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Сооронбой Жээнбековро ба мақоми нахуствазири ҷумҳурӣ (ки қаблан ба вазифаи роҳбари ҷиноҳи ҳизби президентӣ СДПД пешниҳод гардида буд) пешбарӣ карданд. Дар пайи ин қарор бародараш Асилбек Жээнбеков аз вазифаи худ- раиси парлумон даст кашид.

Сооронбой Жээнбекови 58 —сола зодаи вилояти Ӯш мебошад. Соли 1983 донишкадаи кишоварзиро аз рӯи ихтисоси муҳандис- байтор хатм намуда, ба ҳайси муаллим, зоотехник ва директори совхоз фаъолият кардааст. Шурӯъ аз соли 1996 ба парлумони кишвар ворид шуда, се маротиба  вакил интихоб гардид. Дар давраи собиқ раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар вазифаи роҳбари вазоратҳои кишоварзӣ, об, захираҳо ва коркарди саноат адои вазифа намудааст. Баъд аз табаддулоти давлатӣ ва сарнагун гардидани низоми Боқиев, ӯ ҳокими вилояти Ӯш таъин гардида, соли 2015 роҳбарии хадамоти давлатии кадрҳои ҷумҳуриро бар дӯш дошт. 23 марти соли 2016 бошад, Сооронбой Жээнбеков муовини аввали роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Алмосбек Отамбоев таъин гардид.

Пас аз интихоб шуданаш нахуствазири ҷадиди Қирғизистон изҳор дошт, ки намехоҳад сохтор ва ҳайати вазиронро ба пуррагӣ иваз намояд. Ҳамин тавр, қисми зиёди роҳбарони кор вазороту идораҳо дар симматашон боқӣ хоҳанд монд.

Мавзуъ

Нахуствазири Қирғизистон ба истеъфо рафт
Барчаспҳо:
парлумон, ҷадид, интихоб, сарвазир, нахуствазир, Жогорку Кенеш, ҳукумати Қирғизистон, СДПД, Алмосбек Отамбоев, Қурманбек Боқиев, Сооронбой Жээнбеков, Темир Сариев, Ӯш, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ