12:52 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
3510

Бархе аз сиёсатмадорони ғарбӣ афзоиши теъдоди созмону ҳаракатҳои тундрав дар Афғонистонро нодида мегиранд, иброз дошт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Авзоъи Афғонистон рӯз ба рӯз ноором мегардад, таъсири гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин минтақа зиёд мешавад иҳзор дошт, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханрониаш дар конфронси илмӣ-амалии "Вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва мушкилоти муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон" дар Душанбе.

"Фазои кишвар тадриҷан ноором мегардад, дар қаламрави Афғонистон фаъолияти қувваҳои мухолифи мусаллаҳ, неруи ҷангиёни ҳаракати "Толибон" пурзӯр шуда, ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар 1/3 қаламрави кишвар ба ҳамла мегузаранд. Таъсири гурӯҳи террористии "ДИИШ" тақвият меёбад. Баъзе сиёсатмадорони ғарб аснои суҳбатҳояшон доираи мушкилоти зиёдшавии созмонҳои тундравро дар қаламрави Афғонистон нодида мегиранд. Дар баробари ин асоси гурӯҳи ҷиноятпешаи ДОИШ-ро дар Афғонистон нисбати дигар кишварҳо шаҳрвандони ИДМ ташкил медиҳанд. Ин бошад таҳдиди бевосита ба тамоми кишварҳои ИДМ мебошад",-гуфт ӯ.

Лякин-Фролов қайд кард, ки девори боэътимод барои ҳифзи Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ифротгароён дар қаламрави ҷумҳурӣ пойгоҳи 201-уми Русия буда, кафолати дигари амнияти кишвар аз таъсироти беруна СПАД мебошад.

"Натиҷаҳои тамринҳо ва омӯзишҳои ҳарбии СПАД дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон самаранокии муташаккил ва омодагии ҷилавгирӣ аз ҳама гуна таҳдидҳоро аз ҷониби Афғонистон тасдиқ менамояд",-мегӯяд Фролов.

Дипломати рус қайд намуд, ки мушкилоти амният ҳамчунин ба иқтисоди Афғонистон бетаъсир намемонад: ММД якбора паст рафт, шумораи муҳоҷирон аз 1 миллион зиёдтар шуд, бидуни кафолати муносиб ба кишвар сармоягузорон ва ширкатҳои бузург намеоянд.

"Дар баробари ин аз Афғонистон хатари маводи мухаддир паҳн мешавад ва сабаби асосии он назорати номукаммали ҳукумати марказӣ ба гардиши маводи мухаддир дар ноҳияҳои назди сарҳад мебошад. Дар бораи ҳалли мушкилоти зерин донорҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмиллалию байнимимнтақавӣ метавонанд таъсир расонанд, вале талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бартарафсозии ин мушкилот хеле ночиз аст",-хулоса кард сафир.

 

Мавзуъ

СПАД дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон чора хоҳад андешид
Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад
Вакил: Афғонистон барои мубориза алайҳи терроризм аслиҳа надорад
Барчаспҳо:
амният, тамрин, сарбоз, хатар, таҳдид, пойгоҳи 201, СПАД, Игор Лякин-Фролов, ИДМ, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ