06:51 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
21 0 0

Коршиносони аршади масоили сиёсӣ аз Остона хоҳиш карданд, ки ба боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон хотима дода шавад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Беш аз 20 кас дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон бо иттиҳоми "вайрон кардани қонун дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои мусолиматомез" ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллии ин кишвар, инҳо ашхосеанд, ки ба ҳар шева мавқеъашонро дар қиболи ислоҳоти эҳтимолии ҳукумати Қазоқистон баён намуда, дар бораи тазоҳуроте, ки гӯиё рӯзи 21 май эълон шудааст, ҳарф задаанд.

Аз ибтидои ҳафтаи равон пулиси Қазоқистон фишор болои фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи ислоҳоти замину баргузории тазоҳуроти рӯзи 21 май дар "масъалаи замин" ибрози назар мекунанд, бештар кардааст.

Гуфтанист, шурӯъ аз рӯзи сешанбеи гузашта ба ин сӯ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон беш аз 20 кас ҳабс шудааст. Ҳатто додгоҳҳо нимашаб дигарандешонро  ҳабси маъмурӣ таъин мекунанд.

Зимнан, созмони "Freedom House" бо нашри як баёния аз Остона даъват кард, фавран фаъолонро озод намояд. Қаблан низ коршиносони СММ дар умури ҳуқуқи инсон ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат карда, хостори қатъи боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар шуда буданд.

Мавзуҳо:
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
Барчаспҳо:
масъалаи замин, 20 кас, пулис, ҳабс, Freedom House, Остона

Мавзӯъҳои асосӣ