09:05 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Истифодабарандаи шабакаи интернет. Акс аз бойгонӣ

Парлумони ҶҚ аз бастани сомонаҳои “экстремистӣ” ҷонибдорӣ кард

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Ҳар сол дар Қирғизистон наздик ба 20 сомона барои таблиғу ташвиқи терроризм баста мешавад, аммо соҳибони онҳо бо тағйири ному нишонии IP фаъолиятро идома медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Жогорку Кенеш, ё порлумони Қирғизистон аз бастани сомонаҳое, ки маводи экстремистию террористиро ба нашр мерасонанд, пуштибонӣ кардааст.

Тибқи иттилоъи расонаҳои қирғизӣ, аксари вакилони порлумони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи мубориза бо терроризм" раъй додаанд.

"Ин тағйиру иловаҳо ба ниҳодҳои давлатӣ иҷоза медиҳад, бе қарори додгоҳ сомонаи интернетиеро, ки маводи дорои хусусияти экстремистӣ нашр мекунад, бибанданд",- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин торнамоҳо бо пешниҳоди Додситонии кул барои аз 3 то 5 рӯз аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия баста хоҳад шуд. Агар дар ин муҳлат ташхис ё додгоҳ хусусиятҳои террористию экстремистиро дар маводи сомона исбот накунад, дастрасӣ ба он дубора барқарор мегардад.

ВКД-и Қирғизистон мегӯяд, таблиғи тероризму ташвиқи ҷавонони ин кишвар ба сафи гуруҳҳои ифротгаро бештар тавассути сомонаҳои интернетӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар ин кишвар 20 сомона барои таблиғу ташвиқи терроризм баста мешавад, аммо бо гузашти муддати кӯтоҳ бо номи нишонии ҷадид дубора фаъол мегарданд.

Мавзуъ

Ҳукумат шикоёти муштариёнро тавассути интернет қабул мекунад
Барчаспҳо:
20 сомона, нашри маводи .кстремистӣ, бастани сомонаҳо, Жогорку Кенеш, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ