11:13 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
3910

Дар робита бо ҷалби мардум ба гурӯҳҳои радикалӣ ва ҷараёнҳои динии мухолиф, ки бештар дар анҷуманҳои ғайрирасмӣ ба вуқӯъ мепайвандад, вакилон механизмҳои назорати чунин амалҳоро матраҳ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон мехоҳад дар сатҳи қонунгузорӣ талаботи гузаронидани ҷамъомадҳои оммавии динниро, ки берун аз масҷидҳо сурат мегирад, пурзӯр намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба сардори Кумитаи  дини вазорати фарҳанг ва варзиши ҷумҳурӣ Галим Шойкин.

Ба гуфти ӯ имрӯзҳо ҷалби мардум ба динҳои мухолиф ва гурӯҳҳои террористӣ на дар масҷидҳо, балки дар маҷлисҳои ғайриқонунӣ, масалан дар хонаҳо сурат мегирад.

Дар робита бо ин ҳукумати кишвар масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи фаъолияти диннӣ ва иттиҳодияҳои диннӣ"-ро, ки қонуни асосӣ дар бахши дин буда, қоидаҳои фаъолияти ғайриқонунии иттҳодияҳои динниро танзим мекунад, муҳокима намояд.

"Бо мақсади маҳдуд сохтани имкониятҳои гузаронидани ҷамъомадҳои ғайриқонунии диннӣ аз ҷумла дар хонаҳо ва дигар ҷойгҳои пинҳонӣ, мо тасмим дорем қонунгузориҳоро вусъат диҳем. Қонунгузорӣ аллакай ҳаст, вале онро бояд васеъ намуд",-менависад оҷонсӣ аз суханони Шойкин.

Ӯ қайд кард, ки ҳукумати кишвар дар ин масъала аллакай таҷриба дорад, ин масъала шурӯъ аз соли 2011- матраҳ шудааст, акнун  бояд  фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ вусъат ёбад.

Шойкин аз ибрози тафсилоти тағйиру иловаҳо ба қонун худдорӣ намуда, қайд кард, ки онҳо бо вакилони парлумонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

"Мо бояд маълум намоем, ки бо кадом роҳ имкониятҳои ҷамъомадҳои ғайриқонуниро маҳдуд созем. Ин масъала чанд рӯз пеш гузошта шуд, дар робита бо ҳодисаҳои охир (дар Актоб-шарҳ аз идора).. Барои ҳамин ин масъала дар ҳоли омӯзиш қарор дорад. Масъала оддӣ нест, чунки сухан дар бораи ҳуқуқи инсон меравад… Аз пулисҳои минтақавӣ назорати чунин ҳодисаҳоро талаб мекунем",-изҳор дошт ӯ.

Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии вилояти Актоб  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Тибқи маълумоти ВКД 13 ҷангӣ нобуд карда шуданд. Мувофиқи маълумоти охир ҳафт нафар дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти ВКД ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои радикалии динӣ будаанд.

Мавзуҳо:
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
Барчаспҳо:
ҷамъомадҳои диннӣ, тағйиру илова ба қонун, Галим Шойкин, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ