23:38 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ

ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад

© Sputnik / Ратушенко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
31101

Номаи ВКХ Узбакистон ба сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде қабл аз ҷониби ҳукумати ҶТ бо ширкати итлоёвӣ Salini Impregilo созишнома дар барои давом додани сохтмони нерӯгоҳ ба имзо расид.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Чандин тадқиқотҳо барои муайян намудани сатҳи бехатарии Роғун таҳдиди бузурги онро барои тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кард, омадааст дар номаи нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.

Қабалан хабар дода шуд, ки Salini Impregilo S.p.A.,-ширкати итолиёвӣ, ки дар озмуни тандери сохтмони Роғун ғолиб омада буд нақша дорад,  ду агрегати аввалини нерӯгоҳро соли 2018 ба кор омода намояд.

"Дар робита бо ин пешниҳод менамоем, ки ба якқатор тадқиқотҳои байналмиллӣ аз ҷумла тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ ки хатари бузурги сохтмони Роғунро барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ тасдиқ карда буд ва чандин борҳо дар изҳороти коршиносони кишварҳои ҳамсоя низ садо дода буд ва ҳукумати Тоҷикистон аз он хуб огоҳ аст, равона намоед",-қайд мегардад дар нома.

Нахуствазири Узбакистон ҳамчунин қайд менамояд, ки маҳз бо ҳамин сабаб Бонки Ҷаҳонӣ иштирок дар маблағгузории сохтмони неӯгоҳро рад кард.

Мирзиёев мегӯяд, ки лоиҳаи Роғун, ки 35 сол қабл таҳия шудаст  ба "азнавсозӣ" ниёз дорад.

Ҳамчунин минтақаи интихобшуда барои сохтани садди 335 метра дар минтақаи куҳӣ ва дорои хатари заминҷунбии то 9-10 низ таҳдиди бузург аст, қайд менамояд Мирзиёев. Нахуствазири Узбакистон итминон дорад, ки Тоҷикистон бояд мушкилоти барқро бо сохтани нерӯгоҳҳои хурд ва миёна ҳал намояд.

Барчаспҳо:
нома, хатар, таҳдид, НБО "Роғун", Шавкат Мирзиёев, Қоҳир Расулзода, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ