08:17 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Мавзӯъҳои китобҳо навбатӣ, пайдоиши миллати туркман, масъалаҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва дунёи ботинии мардуми туркман хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мехоҳад корҳои эъҷодии худро идома диҳад, иттилоъ медиҳанд, васоити ахбори маҳаллӣ.

Яке аз китобҳо ба пайдоиши миллати туркман, ки асоси худро аз Оғузхон мегирад (яке аз аҷдодони мардуми туркзабон) бахшида шуда, китоби дуюм дар бораи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва дунёи ботинии мардуми туркман нақл мекунад.

ВАО-и маҳаллӣ қайд менамоянд, ки "асоси китобро таҳқиқҳои амиқ ва мероси гаронбаҳо, таърихи таҷрибаи  муколамаҳои байналмиллии мардуми туркман, ки натанҳо дар китобҳои илмӣ инъикос ёфтааст, балки дар адабиёти бадеӣ низ тасвир шудааст такил медиҳанд".

"Дар маҷмӯъ китобҳо инъикоскуннадаи назари нав ба натиҷаҳои роҳи рушди кишвари моро нишон медиҳад",-иттилоъ медиҳанд ВАО а дар илова қайд мекуннад, ки дар ояндаи наздик китобҳо ба хонандагон пешниҳод хоҳанд шуд.

Президенти Туркманистон шурӯъ аз 25 июли соли равон дар рухсати меҳнатӣ қарор дорад.

Бердимуҳаммадов муаллифи даҳҳо китобҳо мебошад. Аз авали соли равон роҳбари давлат панҷ китоб навиштааст. Дар моҳи январ-"Манбаъи хирад" (маҷмӯъа иборат аз зарбулмасалҳо), дар моҳи март-"Чой-дору ва илҳом", моҳи апрел-китоб дар бораи аспҳои архангелӣ, моҳи май-"Зебогии осмонӣ" (дар бораи санъати қолинбофии Туркманистон) ва моҳи июл қисми ҳаштуми китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон"-ропешкаши хонандагон намуд. Китобҳои президенти Туркманистон ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Мавзуъ

Баъди “Манбаъи хирад” президент дар бораи чой китоб навишт
Барчаспҳо:
китобҳои нав, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ