23:24 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бозиҳои байналмиллалии АрМИ-2016 Рӯзи сеюм. Акс аз бойгонӣ

Русия, Белорус, Қазоқистон ва Чин ба даври ниҳоии биатлони танкӣ роҳ ёфтанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 (7)
2610

Давраи ниҳоии сабқати байналмиллалӣ дар машқгоҳи Алабино рӯзи шанбе, санаи 13-уми август баргузор мегардад. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, дастаи Русия дар мусобиқа натиҷаҳои беҳтаринро нишон додааст.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Иштирокчиёни даври финалии мусобиқаи биатлони танкӣ дар Бозиҳои низомии байналмиллалӣ, АРМИ-2016, маълум гардиданд, хабар дод, сарфармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Олег Салюков.

"Агар чизе тағийр наёбад, Русия, Белорус, Қазоқистон дар давраи ниҳоӣ рақобат мекунанд. Пештар дастаи Русия натиҷаҳои беҳтаринро нишон дода буд. Дастаи Белорус низ фаъол буд. Онҳо аз дастаҳои Чин ва Қазоқистон пеш гузаштанд",- гуфт Салюков.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар даври нимниҳоӣ дастаҳои Ҳиндустон ва Озарбойҷон низ, хело хуб баромад карданд.

Натиҷаҳои расмии бозиҳои нимниҳоӣ ва таркиби иштирокчиёни давраи ниҳоӣ пас аз маҷлиси комиссияи доварон эълон карда мешавад.

Давраи ниҳоии биатлони танкӣ дар машқгоҳи Алабино санаи 13-уми август баргузор мегардад. Мусобиқа аз санаи 30-уми июл оғоз гардида, дар он 54 даста аз 17 мамлакатҳои дуру наздики хориҷа ҳунари танкронии худро нишон медиҳанд.

Дастаи Тоҷикистон ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфта мусобиқаи биатлони танкиро тарк кард.

Мавзуҳо:
Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 (7)
Барчаспҳо:
мусобиқа, Биатлони танкӣ, "АРМИ-2016", Вазорати мудофиаи Русия, Олег Салюков, Алабино, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ