19:08 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Абдуғанӣ Мамадазимов. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: ба раисҷумҳури ӯзбекон бояд ҳақиқати гапро дар бораи Роғун гуфт

© Sputnik Амир Исаев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
457 0 0

Таҳлилгарон вобаста ба бемории Ислом Каримов дар бораи тақдири ояндаи Тошканд муҳокима мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои асосии он – муносибати минбаъдаи Тошканд бо ҳамсоягонаш аз ҷумла бо Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ин тағийротҳо чӣ гуна мешуда бошанд?

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Рӯзи гузашта духтари раисҷумҳури Ӯзбакистон  Лола дар бораи бемории падараш хабар дод.  Ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook  менависад, ки падараш ба сактаи майнаи сар гирифтор шудааст.

Каме баъд аз он бегоҳии санаи 29-уми август  хабари марги Ислом Каримов дар ВАО пайдо шуд, аммо онро шахсони расмӣ зуд рад карданд.

Коршиносон аллакай насаби чанд нафар — ворисони эҳтимолии Каримовро номбар кардаанд, амма ҳамаи онҳо як ақида доранд, ки бо дигар шудани раисҷумҳур дар Ӯзбакистон куллан чизе тағийр намеёбад, зеро табақаи болоии ҷумҳурӣ муддати тӯлонист, ки ба тағийротҳо тайёр аст.

Ба гуфтаи намояндаи Ассотсатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Муҳаммадазимов дар Ӯзбакистон фақат ду варианти дигаргунии ҳукумат вуҷуд дорад.

— Боиси таассуфи зиёд аст, ки дар яке аз минтақаҳои ҷавони ҷаҳон ҳоло ба ҳукми анъана надаромадааст, ки ҳукумати он дигаргун шавад(тариқи интихоботи мардумӣ ва шаффоф),- мегуяд вай.- Барои ҳамин фақат ду интихоб боқӣ мемонад: яке варианти қирғизӣ(роҳбари давлат тариқи зӯровари дигар карда мешавад), дигаре туркманӣ, ки дахолати қувваҳои болоӣ  дар он дида мешавад.

Таоми ҷамъияти ҷаҳонӣ саломатии президенти Ӯзбакистонро нигарон аст. Пеш аз ҳама  тамоми таҳлилгарон фол мебинанд, ки Ӯзбакистон тариқи кадом роҳ меравад ва ё аниқтараш оё халқ бо он ворисе, ки онроҳукумат  пешбинӣ мекунанд, розӣ мешавад ё не. (ба мисоли варианти туркманӣ)

Агар халқ бо он розӣ нашавад, он вақт табаддулоти калони ҷамъиятиву сиёсӣ ба монанди "ҳодисаҳои андиҷонӣ" ба амал меояд. Варианти сеюм —ҷамъияти аз ҳама калони минтақа- ӯзбакӣ бо дигар роҳ меравад.

Ба гуфтаи Муҳаммадазимов табақаҳои олии Ӯзбакистон ба он нигоҳ накарда, ки гуногун мебошад,  як шабоҳат дорад.  Ошкор ё махфӣ онҳо 80% бойигарии мамлакатротабақаҳои олӣ  идора мекунанд. Барои ҳамин дар интихоби ворис онҳо манфиати тарафҳо фикр мекунанд.

-Оё вақтҳои наздик муносибати Тошкент бо ҳамсоягонаш дигар мешавад, хусусан бо Тоҷикистон ва Қирғизистон?

— Бе ягон шубҳа муносибатҳо дигар мешавад. Аммо дар масъалаи Тоҷикистон дар нақшаи стратегӣ ин муносибат як ду соли дигар боқӣ мемонад. Касе, ки ба сари қудрат наояд, шояд Мирзиёев бошад, муносибатҳои хориҷиро дар ним сол наметавонад тағийр диҳад. Шояд муносибатҳо рафта рафта гармтар гарданд.

Аз ҳама пештар муносибатҳо бо Қирғизистон беҳтар мешаванд. Мушкилӣ дар муносибати Тоқикистон Ӯзбакистон бо сабаби НБО Роғун аст. Дар ин масъала имконияти хубе дорем, то ба Ӯзбакистон гӯем, ки дарёи Вахш пӯшонида намешавад, балки самти худро дигар мекунад.

Ҳамавақт байни муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон  НБО Роғун меистод. Мо имрӯз метавонев ва бояд ба роҳбарияти ин кишвар тафсилоти ҳақиқии ин лоиҳаи НБО-ро расонем. Ин бисёр муҳим аст. Пас аз он ки муносибатҳо байни қирғизон ва ӯзбекон беҳтар мешавад, ман боварӣ дорам, ки муносибати мо низ бо ин кишвар беҳтар мегардад.

"Русия ҳамкори аввалини Ӯзбакистон боқӣ мемонад"

Сиёсатшиноси ӯзбек Камолиддин Раббимов фикр мекунад, ки аз рафтани Каримов аз сари ҳукумат сиёсат ба зуддӣ дигар намешавад.

— Мақомоти олии режими сиёсӣ одат кардаанд, ки ҷамъиятро ба "устуворӣ"  маҷбур карда ҳукумронӣ кунанд. Ин сиёсат дер давом хоҳад кард.

-Оё барои ҳукумат дар Ӯзбакистон мубориза ба амал меояд ва ё ин масъала барвақт ҳаллӣ худро ёфтааст?

Фикр мекунам, ки аз сабаби бемории раисҷумҳур дар Ӯзбакистон вазъият мухталиф  аст.  Аз як тараф онҳо дарк карда истодаанд, ки дар таърихи Ӯзбакистон давраи нав сар мешавад, қисме аз ҷамъият ҳангоми дигар шудани ҳукумат дар бораи масъалаи субот дар кишвар ва сулҳ андеша доранд. Қисме аз онҳо  умед доранд, ки режими ҳукумат шояд дигар шавад.  

— Агар дар масъалаи вориси Ислом Каримов ҳарф занем, бояд аввал ба назар гирем, ки оё Ислом Каримов метавонад саломатии худро барқарор кунад ва ҳукумати хешро давом диҳад, агар не кӣ аз сафи номзадони пуриқтидор метавонад дар атрофи худ тарафдорони зиёдтарро ҷамъ кунад.

Ман фикр мекунам, ки рақибони асосии талабгарони ҳукумат сарвазири ҳозира Шавкат Мирзиёев ва ҷойнишини аввал ва вазири молияи кишвар Рустам Азимов  мегарданд. Аммо чуноне ки ман аллакай гуфтам, ҳоло дар элитаи сиёсӣ ҳама ороманд, аниқтараш шояд ба тавҷри пинҳонӣ дар бораи президенти нави кишвар фикр карда истода бошанд.

-Ҳангоми дигар шудани ҳукумат ба ин ҷумҳурӣ таъсири кадом мамлакат бештар мегардад-  Русия ва ё Ғарб?

— Ҳоло тамоман гуфтан мумкин нест, ки кӣ перзиденти минбаъда мешавад, дар кадом шароит вай ба сари ҳукумат меояд ва сиёсати геопалитикии вай чӣ гуна мешавад. Аммо касе, ки пас аз Каримов ба сари ҳукумат ояд, вай аз атрофиёни ҳозираи Каримов хоҳад буд.

Касе, ки набошад ва дар ҷойи аввал дарк мекунад, ки Русия ҳамкори савдо ва иҷтисоди асосии Ӯзбакистон мебошад. Ӯзбакистон ба монанди тамоми ОМ зери фазои иттилоотии Русия мебошад.  Дар Русия якчанд миллион қувваҳои кории Ӯзбакистон фаъолият мекунад.

Тарси сиёсии Каримов аз Русия дар даврони ИҶШС  замина ёфта буд.  Он пас аз вайроншавии Иттиҳоди Шӯравӣ низ боқӣ монд. Ҳукумати нави Ӯзбакистон ба ҳар ҳол дар ин масъала андешаи нав ва тоза  хоҳад дошт. Ин чунин маъноро дорад, ки Ӯзбакистон бо роҳбари нав метавонад самти сиёсии худро камтар бошад ҳам, дигар кунад.

Фикр мекунам, ки сиёсати геопалитикии Каримов — дурӣ аз ҳама, дар сиёсати  ҳукумати нави Ӯзбакистон ба — наздик шудан бар ҳама табдил меёбад.  Аммо ин танҳо ҳоло эҳтимоли ман аст.

-Оё ба наздикӣ Тошкент муносибати худро ба ҳамсоягонаш дигар мекунад?

— Бо рафтани Каримов асабҳои кӯҳна ва хотираи пуршудаи сиёсии Ӯзбакистон меравад. Табиист, ки бо роҳбари нави Ӯзбакистон муносибатҳо низ тоза мегарданд.  Яке аз мушкилиҳои асосии Ӯзбакистон- ин муносибатҳои вайрони он бо ҳамсоягонаш мебошад.

Ман фикр мекунам, ки ҳар  касе  ба сари ҳокимият наояд, муносибати давлатро бо ҳамсоягонаш албатта дида мебарояд. Аммо яке аз сабабҳои ихтилоф бо ҳамсоягон- ин манбаъҳои об мебошад. Ӯзбекистоне, ки 31 млн аҳолӣ дорад сол ба сол бештар ба мушкилии хушкшвӣ дучор шуда истодааст, хусусан қисми марказӣ, ҷанубӣ ва ғарбии ин минтақаъ. Бояд инро ба назар гирифт…


 

Барчаспҳо:
Муносибатҳои сиёсии ҳукумати нави Ӯзбакистон, Абдуғанӣ Мамадазимов, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ