Духтари хурдии Каримов: қувваи некхоҳии халқ ба падарам кӯмак мерасонад

Обуна шудан
Каримова-Тиллаева дар табрикоти худ ба муносибати ҷашни истиқлолият ба Ислом Каримов шифои зудтар таманно кардааст ва аҳаолии Ӯзбакистонро барои таманниёти нек ва дастгириашон миннатдорӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Духтари хурдии президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов — Лола дар омад омади ҷашни  истиқлолият, ки дар Ӯзбакистон ҳамасола санаи 1-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад шаҳрвандони ҷумҳуриро ба муносибати ҷашни дарпешистода муборакбод намуд ва қайд намуд, ки онҳо меҳнатқарин ва софдил мебошанд.

"Самимона тамоми ҳамватанонамро бо Ҷашни истиқлолият муборакбод мегӯям! Мехоҳам ба халқи меҳнаткаш, беандоза лаёқатманд ва софдили Ӯзбакистон хушбахтӣ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ таманно намоям",- менависад дар саҳифаи худ Каримова-Тиллоева дар Instagram.

Каримова-Тиллоева дар табрикоти худ ҳамчунин ба Ислом Каримов шифои зудтар таманно намуд ва қайд кард, ки қувваи бузурги суханони нек дар сиҳатманд шудани падараш кӯмак мерасонад ва барои ин таманнияти нек изҳори миннатдорӣ баён кард.

"Ман ҳамчунин мехоҳам аз ин фурсати мувофиқ истифода бурда, самимона ҳамаи шумоёнро барои суханҳои нек, самимона,  пурҷилоятон ва таманниёти некатон ба президентамон миннатдорӣ баён кунам. Ин барои мо хело муҳим аст ва ман боварӣ дорам, ки ин қувваи бузург, ки аз замири қалби шумоён берун меояд дар сиҳатманд шудани падарам кӯмак мерасонад, бароятон ташаккури зиёд",- суханашро ба хотима расонидааст Лола.

Пештар ВАО расмии Ӯзбекситон хабари кабинаи вазирони ҷумҳуриро дар бораи дар табобати статсионарӣ қарор доштани Ислом Каримов паҳн карда буд. Шаби душанбе манбаи дастгоҳи раисҷумҳури Ӯзбакистон ба РИА Новости иброз намуд, ки аҳволи Ислом Каримов мӯътадил мебошад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0