Вазъи саломатии Ислом Каримов бад шуд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкИслом Каримов. Акс аз бойгонӣ
Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз кабинаи вазирони Ӯзбакистон хабар доданд, ки аҳволи саломатии президенти кишвар Ислом Каримов рӯзҳои ахир якбора бад шудааст. Табибон онро хатарнок баҳо медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik.  Раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар ҳолати хатарнок қарор дорад, хабар медиҳад ҳукумати кишвар.

"Бо андӯҳи вазнин ба Шумо хабар медиҳем, ки рӯзҳои ахир аҳволи саломатии президентамон якбора бадтар шуд, ба фикри табибон вазъияти ӯ хатарнок мебошад",- омадааст дар хабари кабинаи вазирони Ӯзбакистон, ки он дар матбуоти маҳаллӣ ишора мешавад.

Ислом Каримов - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов халқи Ӯзбакистонро бо ҷашни истиқлолият муборакбод намуд

"Чуноне ки пештар хабар дода шуда буд, сарвари давлати мо Ислом Абдуғаниевич Каримов, пас аз гирифтор шудан ба сактаи майнаи сар рӯзи шанбеи гузашта ба бемористон  бистарӣ карда шуда буд",- қайд карда мешавад дар хабар.

Пештар ВАО-и расмӣ хабар кабинаи вазиронро паҳн карда буданд, ки Ислом Каримов дар табобати сатасионарӣ қарор дорад ва он "вақти муайянро" талаб мекунад. Дар навбати худ духтари Ислом Каримов бошад дар саҳифаи  шабакаи иҷтимоии худ  Instagram навишта буд, ки президент, пас аз хунравии майнаи сар  дар шӯъбаи эҳё қарор дорад ва аҳволи вай ҳамчун босубот баҳо дода мешавад.

Рӯзи сешанбе маълум гардид, ки консерти идонаи бахшида ба 25 солагии истиқлолият бо иштироки президенти кишвар ва намояндагони дипломатӣ лағв карда шудааст. Дар кумитаи тадорукити ҷашнӣ сабаби лағв шудани косертро расман баён накарданд.

Дар байни як қатор чорабиниҳои расмӣ, ки дар онҳо бевосита Ислом Каримов дар омад омади Рӯзи истиқлолияти Ӯзбакистон, ки санаи 1-уми сентяб қайд карда мешавад  ширкат меварзид, бори аввал бидуни ӯ ҷашн гирифта шуд. Ҳамин тавр сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ва намояндаи палатаи парлумон рӯзи чоршанбе зери пои муҷассамаи Истиқлолият ва инсонпарварӣ дар майдони "Мустақиллик" гулчамбар гузоштанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0