СММ: нақзи ҳуқуқи башар дар муборизаи алайҳи эктремизм дар ОМ ба кор намеояд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМаркази СММ дар шаҳри Ню Йорк. Акс аз бойгонӣ
Маркази СММ дар шаҳри Ню Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Барномаи рушди СММ дар Истамбул Растислав Вребенский умедвор аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба наздикӣ дарк мекунанд, ки роҳи пешгирифтаи онҳо дар мубориза зидди ифродгароӣ ба кор намеояд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. СММ аз ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват меорад, ки ҳуқуқи инсонро дар мубориза бо терроризм ва ифродгароӣ қурбон насозанд, қайд намуд намояндаи БРСММ дар Истамбул Растислав Врбенский дар мусоҳиба бо Радиои СММ.

Ӯ қайд намуд, ки дар миёнаҳои моҳи июли гузашта дар Душанбе намояндагони СММ 21 тавсияномаи мубориза зидди  паҳн кардани ифродгароӣ дар Осиёи Марказиро коркард намуданд.

"Мо даъват мекунем, ки нақзи ҳуқуқи инсонро бо баҳонаи мубориза зидди ифродгароӣ истифода набарнад. Минбаъд умедвор мешавам, ки кишварҳои минтақа дарк мекунанд, ки ин роҳи пешгирифтаи онҳо дар мубориза зидди ифродгароӣ ба кор намеояд",- гуфт Врбенский.

Врбенский эълон дошт, ки ин нуқтаи назарро дигар намояндагони СММ- Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбари маркази дипломатияи пешгирикунанда дар шаҳри Ашқобод, ки дар мубориз бо терроризм машғул аст, низ дастгирӣ мекунанд.

Бинои СММ дар Ню-Йорк. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои СММ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон муҳокима мекунад

Ӯ қайд намуд, ки ба ифродгароӣ даст задани ҷавонон дар аксар маврид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо набудани имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Ҷаласаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзи сешанбе дар Женева оғоз гардид,  вазъи риояи ҳуқуқи инсонро муҳокима мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки санаи 6-уми майи ҳамин сол ҳайъати ҳукумати Тоҷикситон дар назди Шӯрои СММ дар бораи риоя  намудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дар ин ришта  амалҳои тӯли солҳои 2010-2015 анҷомдодашударо ҳисобот дод.

Дар рафти дида баромадани ҳисоботи даврии таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон мавзӯъҳои муносибати бераҳмона бо маҳкумшудагон, поймол кардани ҳуқуқҳои занон, маъюбон, намояндагони аққалияти ҷинсӣ, мавқеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ боло карда шуданд. Аз 203 тавсияҳо, ки аз тарафи СММ пешбинӣ карда шудааст, ҳайъати тоҷикӣ 119-тои онро қабул карданд.

Аз ҷумла тавсияҳои аз тарафи Тоҷикистон қабул гардида: пурра бекор намудани ҳукми қатл дар кишвар(аз соли 2004 дар Тоҷикистон мароторияи ҳукми қатл ҷорӣ карда шудааст); оид ба масъалаи истифодаи шиканҷа ва ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон ба протаколи иловагӣ(факултативӣ) ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон; баланд намудани нақши занон дар ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, бартарафсозии хушунати хонаводагӣ ва камбизоатӣ дар кишвар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0