06:35 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Растаҳо бо мева ва сабзавот. Акс аз бойгонӣ

ИМА барои сабзавот ва меваи Ӯзбакистон 14 млн. доллар ҷудо намуд

© Sputnik / Евгений Биятов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Ин лоиҳаи нав ба муддати бунёд гардидааст, ки ба воситаи он дар Ӯзбакистон парвариши мева ва сабзавот беҳтар ба роҳ монда шуда, маҳсулот хориҷи кишвар содир карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сафорати ИМА дар Ӯзбакистон эълон намуд, ки ба яке аз соҳаҳои иқтисодии кишвар 24 млн. доллар кӯмаки молӣ мерасонад.

Ин ҷо дар бораи барномаи чорсолаи Оҷонсии ИМА оид бо рушди байналмиллаӣ, ки барои инкишофи соҳаи кишоварзӣ равон карда шудааст, сухан меравад, хабар медиҳад сафорати ИМа дар кишвар.

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа ва озмуни ҳамасолаи ангур, ки дар Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии  боғдорӣ, токпарварӣ ва истеҳсоли шароби ба номи Мирзоеви шаҳри Тошканд баргузор гардид, сафири ИМА дар Ӯзбакистон Памела Спартлен, намояндагони вазорати кишоварзӣ ва захираҳои об, вазорати корҳои хориҷи кишвар ва соҳибкорону кишоварзон иштирок доштанд.

Барнома барои беҳтар намудани шароити парвариши ток, сабзавот ва мева, аз ҷумла харбуза, ангур ва дигар меваҷот ва сабзавот  равона карда шудааст. Ғайр аз ин  барномаи мазкур метавонад дар ин соҳа якчанд ҷойҳои корӣ ташкил диҳад, ҳаҷми даромади коргаронро зиёд кунад ва дар умум ҳаҷми маҳсулотнокиро дар ҷумҳурӣ боло бардорад.

Ба гуфтаи Памела Спартлен намудҳои ангур ва сабзавоти гуногун, ки то имрӯз дар натиҷаи ҳамкории  ИМА ва Ӯзбакистон аз солҳои 2008-ум парвариш карда шудаанд, шаҳодати самаранок будани ҳакории онҳо мебошад.

Лоиҳаи нав 12 вилоят ва 33 ноҳияи кишварро дар бар мегирад. Он дар зиёд гардидани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар гардидани шароитҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулот, содироти маҳсулот мусоидат мекунад.

Мавзуъ

ИМА гузаргоҳи нави сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон сарпарастӣ мекунад
Барчаспҳо:
Маблағгузории ИМА ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Памела Спартлен, Ӯзбакистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ