08:01 29 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1401

Дар асоси хулосаҳои бадастомада САҲА дар оянда дар бораи мувофиқи мақсад будани мушоҳидаҳои интихоби президентӣ, ки моҳи декабр ба анҷом мерасад, қарор қабул мекунад.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.Ба  Ӯзбакистон мувофиқи даъвати КМИ(Кумитаи марказии интихоботӣ)-и кишвар кормандони Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо(БИДВҲИ САҲА) меоянд, хабар доданд аз хадамоти матбуоти КМИ Ӯзбакистон ба РИА Новости.

"Мувофиқи даъвати Кумитаи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбакистон БИДВҲИ САҲА қарор қабул кард, ки санаҳои 11-14 октябр ҳайъати баҳодиҳандаи талаботҳои кишвари Ӯзбакистонро ба ҷумҳурӣ равон мекунад",- хабар дод намояндаи КИМ.

Ба гуфтаи вай натиҷаҳои талаботҳо метавонад пас аз ду ҳафтаи ба итмом расидани санҷишҳои САҲА муайян карда шавад.

"Дар асоси хулосаҳои нишондодаи БИДВҲИ САҲА дар бораи мувофиқи мақсад будани мушоҳидаҳо дар интихобот — тарзи гузаронидани он, даввомнокӣ ва шумораи мушоҳидакунандагон қарори худро қабул мекунад",- хотиррасон намуд  намояндаи КИМ.

Дар интихоботи перзидентии  дарпешистодаи Ӯзбакистон санаи 29-уми марти соли 2015 САҲА шумораи мушоҳидакунандагони маҳдуди худро ба Ӯзбакистон равон кард. Дар рафти интихобот 300 нафар мушоҳидакорони байналмиллаӣ аз 43 кишвари хориҷ, аз ҷумла аз ташкилотҳои байналмиллаӣ- ИДМ, САҲА, СҲШ, Ташкилоти ҳамкории байналмиллалӣ ва Созмони ҷаҳонии мақомоти интихоботӣ иштирок намуданд.

Санаи 2-уми сентябри соли 2016 аз сабаби бемории сактаи майнаи сар президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов вафот кард. Иҷрокунандаи вазифаи муваққатии президентии кишвар сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзияев муайян карда шудааст. Чуноне ки намояндаи КМИ Ӯзбакистон Мирзо- Улуғбек Абдусаломов  хабар медиҳад,  интихоботии президентии кишвар санаи 4-уми декабр баргузор хоҳад шуд.

Мавзуъ

Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад
Ӯзбакистон мехоҳад номи Ислом Каримовро абадзинда гардонад
Барчаспҳо:
Мнтихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, САҲА, Мирзо-Улуғбек Абдусаломов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ