00:32 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Ҷонибҳо қайд карданд, ки тоҷикон ва ӯзбеконро муносибати дӯстонаи бисёрсола ва дар тӯли таърих санҷидашуда рабт месозад

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи президентии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев дар рафти сӯҳбати телефонӣ изҳор намуданд, ки дар давом додани гуфтугӯҳои байни ду давлат тайёр мебошанд.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки тайи солҳои зиёд  тоҷикон ва ӯзбекон бо ҳам муносибати дӯстона ва бародарона доштанд, ки он дар тӯли таърих санҷида шудааст.

Онҳо қайд намуданд, ки  муносибати  бародаронаи таърихии ин ду миллат барои давом додани муносибатҳои тарафайн бо эҳтироми мутақобила ва назардошти манофеи якдигар замина  хоҳад шуд.

Ғайр аз ин Мирзиёев Раҳмонро миннатдорӣ намуд, ки вай дар дар Самарқанд дар маросими дафни Ислом Каримов шахсан иштирок дошт ва ба халқи Ӯзбакистон ҳамдардӣ баён намуд.

Президентон изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкорӣ ва созишнҳои кишварҳо дар соҳаҳои гуногун  имконият медиҳанд, ки зина ба зина мақсадҳои дарпешгузоштаи ду кишвари дӯст ба даст оянд — халқи ду кишвар бо ҳам наздик бошанд ва дар минтақаъ фазои сулҳ ва ягонагӣ ҳукумрон гардад.

Барчаспҳо:
Гуфтушуниди президентон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ