19:34 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов. Акс аз бойгонӣ

Президенти Туркманистон ба Русия меояд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Бори охирон президенти Туркманистон ба Федератсияи Русия соли 2011 ташриф овардааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Президенти Туркманистон санаи 1-уми ноябр бо сафари корӣ ба Русия меояд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти ВКХ Турманистон.

"Санаи 1-уми ноябри соли 2016 президенти Туркманистон бо сафари корӣ ба Русия ташриф меоварад",- хабар медиҳад манбаъ.

Бори охир президенти Туркманистон барои мулоқот бо роҳбарияти Русия соли 2011 ташриф оварда буд, қайд карданд дар хадамоти матбуот.

Туркманистон бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ барпо намудааст.

Рӯзи ҷумъа Қурбонгулӣ Бердимуҳҳаммадов ва губернатори вилояти Астрахани ФР Александр Жилкин дар Ашқобод масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодии байни Турманистону Русиро баррасӣ карданд, омадааст дар хабар.

Барчаспҳо:
сафари корӣ, муносибатҳои дуҷониба, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ