Тоҷири қирғиз духтари тоҷикро наҷот дод

© Фото : Мурза ДобутовТоҷири қирғиз Абдусаттор Содиқов
Тоҷири қирғиз Абдусаттор Содиқов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷир Абдусаттор Содиқов ба Sputnik нақл кард, ки чизеро фикр накарда, худро ба канал партофтааст, зеросинну соли дигар шоҳидон аз вай калонтар будааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik.Тоҷири қирғиз Абдусаттор Содиқов як нафар духтари тоҷикро ҳангоми ба дарёча ғарқ шудан, наҷот дод, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта, вақти нисфирӯзӣ дар ҳудуди Мин-Оруқ дар наздикии деҳаи Кӯктоши вилояти Боткент ба амал омадааст. Содиқов ба қишлоқи Ортобоз мерафт, ки дар он ҷо барои 50 нафар кӯдак боғчаи баччагона бунёд мекунад. Якҷоя бо ӯ дар мошин кормандони Назорати давлати техникию экологӣ низ буданд.

"Мо дидем, ки касе дар канори роҳ дастонашро меҷумбонад. Мошинро доштем. Вай писар хабар дод, ки дар канал духтаре ғарқ мешавад. Ба ҷойе давидем, ки вай ба мо нишон дод ва  дидем, ки дар ҳақиқат нафареро мавҷ мебарад. Ман худро ба об партофта духтарро халос намудам. Вай ба назарам 15-16 сола буд. Пас аз он, аз об баромадан бароям мушкил гардид. Ба ҳамроҳонам ташаккур, ки ба ман кӯмак намуданд"- нақл кард Содиқов.

© Фото : Мурза ДобутовТоҷир аз Қирғизистон Абдусаттор Содиқов шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми дар канал ғарқ шудан, наҷот додааст
Баткенский бизнесмен Абдисатар Садыков спас гражданку Таджикистана, уносимую течением канала - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷир аз Қирғизистон Абдусаттор Содиқов шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми дар канал ғарқ шудан, наҷот додааст

Тоҷир мегӯяд, ки вай бе ягон мулоҳиза худро ба об партофтааст, зероо дигар ҳамроҳонаш аз вай калонтар буданд.

"Духтари наҷотдодаамонро ба  дасти гумрукчиён супоридем. Духтар на ба забони русӣ, на ба қирғизӣ ва на ба ӯзбекӣ гап намезад ва барои ҳамин ҳам, мо натавонистем, ки сабаби ғарқ шуданашро аз худаш бифаҳмем",- гуфт Содиқов. Тоҷир 39 сол дорад ва соҳиби ду фарзанд аст.

Лентаи хабарҳо
0