08:14 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Майдони истиқлолияти Тошканд. Акс аз бойгонӣ

Журналисти олмониро аз Узбакистон пеш карданд

© Pixabay/ LoggaWiggler
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Эдда Шлагер, ки дар Қазоқистон ба сар мебурд, журналист фрилансер буда, бо радиои Шветсария ва Австралия ҳамкорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Рузноманигори олмонӣ Эдда Шлагер изҳор дошт, ки ӯро аз Узбакистон депорт кардаанд, хабар медиҳад Deutsche Welle.

Эдда Шлагер, ки дар Қазоқистон ба сар мебурдд, журналист фрилансер буда, бо радиои Шветсария ва Австралия ҳамкорӣ мекунад. Ӯ дар бораи интихоботи дарпешистодаи президентӣ дар Узбакистон мавод ҷамъ мекард.

Шлагер гуфт, ки ба Узбакистон тариқи раводиди сайёҳӣ дохил шудааст, чун ВКХ-и маҳаллӣ "ба рӯзноманигорони хориҷӣ додани аккредитатсияро хуш надорад". Ӯ рӯзи 10-уми ноябр дастгир шуда, рӯзи баъдӣ аз мамлакат пеш карда шуд. Бо қарори додгоҳи ноҳияи Яккасарайи Тошканд ӯро то се сол аз ворид шудан ба мамлакат маҳрум карданд.

Журналист қайд кард, ки боздошти ӯ "дар умум оромона" сурат гирифт: ба ӯ зарари ҷисмонӣ нарасониданд, бо ӯ муомилаи хуб карданд. Сафорати олмон дар Узбакистон ба журналист кумак расонид.

Дар ноутбуки рӯзноманигор маводҳои журналистӣ  ва мусоҳибаҳо дарёфт гардиданд. Маводҳо мусодира карда шуданд.

"Ман барои худ не, ман хуб ҳастам, балки барои зиндагии нафароне, ки бо ман сӯҳбат карда буданд, хавотир ҳастам",-гуфт Шлагер.

Санаи дуюми сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов вафот кард. Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентӣ интихоб шуд. Интихоботи президентӣ рӯзи 4-уми декабр дар Узбакистон баргузор мешавад. Чор ҳизб, ки дар мамлакат фаъолият мекунанд, номзадҳои худро ба симмати президентӣ пешниҳод карданд.

Мавзуъ

САҲА: аз оғози Майдон дар Украина ҳафт журналист ҳалок шудааст
Барчаспҳо:
мусодира кардани мусоҳибаҳо, маводҳои журналистӣ, депорти журналист, Эдда Шлагер, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ