14:25 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Муҳаммадшариф Ҳақдод. Акс аз бойгонӣ

Баррасии масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд

© Фото : Фотохост ШОС
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон наздики 20 %-и роҳ яъне 1333 километри он нотақсим монд, ки боиси хархашаҳои доимии байнидавлатӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Муовини вазири вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов масъалаҳои сарҳадиро муҳокима карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ-и Узбакистон.

"Санаи шонздаҳуми ноябри соли равон вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов муовини вазири вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодро ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ якқатор масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла масъалаҳои сарҳадии ду мамлакат муҳокима карда шуд",-омадааст дар хабар.

Қаблан ВКХ-и Узбакистон хабар дод, ки Тошканд ва Душанбе мехоҳанд масъалаҳоии сарҳадиро баррасӣ намоянд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон наздики 20 %-и роҳ яъне 1333 километри он нотақсим монд, ки боиси хархашаҳои доимии байнидавлатӣ мегардад.

Мавзуъ

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон терминал ба кор медарояд
Барчаспҳо:
баррасии масъалаҳои сарҳадӣ, ВКХ Тоҷикистон, Маҳмадшариф Ҳақдод, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ