Лағви даҳҳо парвоз дар фурудгоҳи Маскав

© Sputnik / Антон ДевяткинОчередДар фурудгоҳи Жуковский
ОчередДар фурудгоҳи Жуковский - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи “Домодедово” 6 парвоз лағв карда шуда, 12 сафари ҳавоӣ ба таъхир гузошта шуд. Дар фурудгоҳи “Шереметьево” бошад, 68 парвоз бекор карда шуда, 5 парвоз ба вақти дигар муайян карда шуд. Дар “Внуково” як парвоз лағв гардид

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik.Дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав зиёда аз 70 парвоз бекор гардид, хабар медиҳад сомонаи "Яндекс.Расписание".

То соати 7:30 дар фурудгоҳи "Домодедово" 6 парвоз бекор карда шуда, 12-тои дигар ба таъхир гузошта шудааст. Дар фурудгоҳи "Шереметьево" бошад 68 парвоз бекор карда шуда, 5-тои дигар ба вақти дигар муайян гардид, дар "Внуково" як парвоз лағв шуд.

То ҳоло сабаби лағв гаштани парвозҳо муайян карда нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0